ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Бар асоси як назарсанҷии ORC, номзади мухолифин Камол Қиличдароғлу метавонад дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ бар Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисиҷумҳури феълӣ, пирӯз шавад.
Эрдуғон дар даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурӣ 49,52%, рақиби ӯ аз 7 ҳизби мухолиф Камол Қиличдароғлу 44,88% овозҳоро ба даст овард. Даври дуюми интихоботи президентӣ рӯзи 28 май доир мешавад. Барои пирӯзӣ ба номзад аксарияти оддии овозҳо лозим аст.
Назарсанҷӣ рӯзҳои 24-25 май дар 28 вилояти Туркия бо ҳузури 3 950 нафар баргузор шуд.
"46,7% посух доданд, ки омодаанд ба тарафдории Эрдуғон ва 48,1% ҷонибдори Қиличдароғлу мебошанд. 5.2% ҳоло намедонанд аз кадом номзад пуштибонӣ мекунанд", - чунин аст натиҷаи назарпурсӣ.
Ҳамин тавр натиҷаи назарсанҷӣ чунин аст: Қиличдароғлу 50,8% ва Эрдуғон 49,2% раъи мардумро соҳиб мегарданд.
Пас аз нашри назарсанҷӣ ин марказ хабар дод, ки вебсайташ мавриди ҳамлаи ботҳо қарор гирифтааст. Қобили зикр аст, ки пешгӯии марказ пеш аз даври аввал иҷро нашуд: дар назарсанҷии даври аввали интихобот натиҷа чунин буд: 51,7% ҷонибдори Қиличдароғлу ва 44,2% пуштибони Эрдуғон буданд.