ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Русия аз нияти Тоҷикистон барои мизбонии Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди захираҳои обро истиқбол мекунад.
Ин нуктаро муовини нахуствазири Русия, Виктория Абрамченко дар Конгресси байналмилалии экологии Нев изҳор дошт.
"Мо Тоҷикистонро дар ташаббусҳои марбут ба об ва нияти баргузории Конфронси дуввум дар соли 2028 дар чаҳорчӯби даҳсолаи амал барои об дар Душанбе комилан дастгирӣ мекунем", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, як ниҳоди дигари муҳим ва муассири байналмилалӣ дар соҳаи экология ин БРИКС мебошад.
Абрамченко таъкид кард, ки Русия дар соли 2015 дар замони раёсаташ кишварҳоро ба ҳамкорӣ дар заминаи ҳифзи муҳити зист даъват карда буд.
"Мо пешбурди ташаббуси русиягии "Платформаи технологияҳои тозаи БРИКС" ва барномаи "Дарёҳои тозаи БРИКС"-ро идома медиҳем", - афзуд муовини сарвазири Русия.
Маврид ба зикр аст, ки конгресси X-и байналмилалии экологии Невский рӯзҳои 25-26 май дар Санкт-Петербург ҷараён дошт.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ мусоидат ба ташаккули низоми байналмилалии амнияти экологӣ, ҳамоҳангсозии қонунгузории давлатҳо, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва тарғиби ғояҳои тарзи ҳаёти солим арзёбӣ гардиданд.