ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik, Виктория Никифорова. Давлатеро, ки, барои чӣ бошад , ки худро иқтисоди аввали ҷаҳон ном мебарад, аллакай пас аз як ҳафта пешфарз ё худ дефолти воқеӣ таҳдид мекунад.Бинобар ин, амрикоиҳо ба худ суол медиҳанд, меарзад, ки минбаъд низ Украинаро сармоягузорӣ намоянд.
Шореҳи нашрияи бонуфузи “Hill” қайд намуд, ки “таъхирҳо дар пардохт бар асари ҳолати сарбастаи .. ба ҳадди ниҳоии қарзи давлатӣ ва паёмадҳои норушани ҳамлаи ҷавобии дарпешистодаи Украина бамиёномада, гуфтугӯҳои ҷиддиро бобати даври навбатии маблағгузориро мавқуф гузоштанд”.
Инро чун қадами соддаи Ваштнгтон нисбати прокси-казакҳояш баҳо додан мумкин аст - саҳар ҳамлаи ҷавобӣ, бегоҳ бошад – маблаг. Аммо он, ки мавзӯи Украина якҷо бо мавзӯи дефолт (пешфарз) рӯи об мебарояд, маънии ҷиддитар дорад.
Пай бурдан душвор нест, ки ҳар як бӯҳрони калони иқтисодии дар ИМА рухдодаро тавлидаш дастисохт аст. Бар асари ана ҳамин гуна бӯҳронҳои дастисохт якчанд оила, иттиҳодия ва банкҳо доро мешаванд – ин дар замоне, ки амрикоиёни оддӣ ба таври оммавӣ муфлис шуда истодаанд, ва баъдан аз тирезаҳо худро партофтан доранд ё худ ин афсурдаҳолиро бо истеъмоли афюни сунъӣ рафъ менамояд.
Дар соли 2008 ин хело худ аён буд – чунин банкҳо, ба монанди “Goldman Sachs”, аз буҷаи давлат миллионҳо доллар гирифтанду сураҳисоби бонкии худро бомуваффақият аз ҳисоби андозсупорандагони муфлисшуда пурра намуданд.
Аммо барои он, ки шаҳрвандони ИМА ин қадар ҳам ғазаб накунанд, ҳар дафъа ким кадом мӯҳрачаи навро бофта мебароранд, ки ба мардум фаҳмонанд – барои чӣ ин дафъа онҳо хонаву кору андӯхтаҳои нафақавиашонро гум карданд. Ана ҳамон мӯҳрача – ҷанг аст ва зуд зуд баҳонаи бӯҳронҳои амрикоӣ мегардад.
Таназзули азими соли 2008-ро вобаста ба (ғайр аз бӯҳрони қарзии барои хариди хонаҳо гирифта) хароҷотҳои ИМА ба ҷангҳо дар Ироқ ва Афғонистон маънидод намуданд. Бӯҳрони доткомҳои аввали солҳои дуҳазорумро бошад – бо хароҷотҳои зиёдатӣ барои нобуд сохтани Югославия вобаста донистанд.
Лекин, намунаи аз ҳама овозадор дар ин силсила - ҷанги ветнамӣ шуд. Гап дар сари он аст, ки дар оғози солҳои 1970 ИМА-ро бӯҳрони иқтисодии навбатӣ домангир буд. Беқурбшавии пул, афзоиши қарзи давлатӣ, беқадршавии доллар, ошӯбҳои оммавии шаҳрвандон. Кишварро ин ҳама он қадар такон дод, ки ба президент Никсон зарур омад эълон кунад, ки доллар минбаъд бо тилло таъмин карда намешавад.
Дар дилхоҳ кишвари муқаррарии ҷаҳон ин ҳама маънои пешфарз ё худ дефолтро дошт, аммо он замон, дар аввали солҳои 70-ум, бозингарони асосии ҷаҳон ба қоидаи нави бурдани бозӣ розӣ шуданд – доллар барои ҳисобу китоби байналхалқӣ басо қулай буд. Ҳатто беқадршавии доллар кӯмак нарасонд: ИМА танҳо солҳои 80-ум аз қарз баромад.
Ба ретсессия ва ё худ пастравии саҳти истеҳсолот дар солҳои 70-ум киро гунаҳгор кардан мумкин буд? Худ аз худ маълум, ки Ветнами Ҷанубиро. Яку якбора маълум шуд, ки роҳбарияти маҳаллӣ ҳама сар ба сар фасодкор будаанд, ки шарикони онҳо аз Пентагон маблағҳоро бехудона арра мекарданду азхуд менамуданд. Ки ба ҷанги бемаънии ветнамӣ хирмани пул ба бод дода шудааст.
Конгресси ИМА маблағгузории ветнамиҳои ҷанубиро рад кард, амрикоиҳо аз Сайго гурехтанд.
“Ҷанги ветнамӣ камбуди пардохтии маблағиро дар ИМА ба миён овард,ки ба беқурбшавии доллар ва ба поёни системаи ” Бреттон-Вудсӣ” оварда расонид”, хабар дод дар соли 1973 “The New York Times”. Ба ҷуз бовар кардан ба газета, ба хонандагон боз чӣ ҳам мемонад?
Вазъияти иқтисодии имрӯз дар ИМА ба миён омада бамаротиб бадтар аст нисбати оне, ки дар соли 1970 буд. Беқурбшавии пул ба 1,5 баробар афзуд, қарзи давлатӣ бошад - ба 30 баробар афзуд. ҶҚолбилияти харидории доллар пасти паст фаромад – хонае, ки дар соли 1970 35000 доллар арзиш дошт, имрӯз 1500000 доллар арзиш дорад. Илова бар ин, ним аср пеш ИМА истеҳсолоти худро дошт, аз он вақт инҷониб бисёр иқтидорҳо ба хориҷа бурда шуданд.
Ва аз ҳама асосиаш – дар ҷаҳон, амалан, кишварҳое намондаанд, ки мехоҳанд доллари амрикоӣ ва ҳам иқтисоди амрикоиро наҷот диҳанд. Ин ба кӣ лозим? Вомбаргҳоро харидорӣ мекунӣ - мегиранду онро ба якборагӣ “ях мекунонанд”. Ва боз мафҳуми “дефолт” садо медиҳад.
Ягон чизи барои Вашингтон қулайтар наст, нисбат ба оне, ки ҳамаи душвориҳои иқтисодӣ – аз ҷумла дефолт аз рӯи қарзҳои давлатиро ба Украина бор кунад. Ин ҷо бо ҳамин оҳанг эътироз кардан мумкин, ки Киев ба ин ҳама чӣ дахл дорад? Даҳҳо миллиард доллари режими вашингтонӣ барои ҷанг бо Русия ҷудо намуда – маблағи ночиз аст, ин қатрае ба баҳр аст.
Аммо, ҷанги ветнамӣ низ барои буҷети амрикоӣ ба қадри кофӣ арзон буд. Якчанд миллиард долларӣ ҳар сол, ин на бештар аз панҷ фоизи ҳамаи буҷети ҳарбӣ мебошад.Ба монанде, ки чанд тин бошад.
Гап дар сари он, ки Ветнам дар маркази диққати васоити ахбори умум буд. Дар бораи он менавиштанд, гап мезаданд, филм мебардоштанд. Ба аъёну ашрофи ИМА, ки барои фоидаи худ бӯҳрони навбатиро барпо намуда буданд, ҳам беқурбшавӣ, ҳам бекорӣ, ҳам муфлисшавии оммавиро ба гардани ҷанги ветнамӣ бор кардан басо осон буд.
Имрӯз дар маркази диққати ҷаҳониён Украина қарор дорад.Агентиҳои иттилоотӣ, дам назада, рафтуомади мудири болои майкаи сабзпӯшро ин сӯву он сӯ назорат доранд. Муҳаррирони ҳамаи ВАО-и ҷаҳонӣ, ба тақдири худ лаънат фиристода, хабари овозиро бо топонимҳои ғалатие ба монанди "Авдеевка" ва ё "Артемовск" ба матни забони модариашон баргардон мекунанд.
Эҳтимол, ба Зеленский (бо майлони хилофи меъёрҳои иҷтимоии касбияш) чунин менамояд, ки ин қуллаи шӯҳраташ аст. Дар асл бошад, ҳайвони барои қурбонӣ омода карда мешударо, пеш аз гулӯяшро буридан, чунин орову торо медиҳанд.
Агар имсол набошад, соли дигар, ногузир, амрикоиҳо Украинаро гунаҳкори бӯҳрони иқтисодии худ менамоянд. Бозгардонидани қарзҳоро талаб мекунанд, ва пардохти лендлизро низ мепурсанд – боз бо фоизҳояш. Ин қарзҳоро бо пардохт кардан тамом кардан душвар аст – баргардониданаш ба якчанд даҳсолаҳои оянда мерасад, Бо ин ҳама фаҳмо мегардад.
Чизи дигар мароқовартар аст: панҷоҳ сол пеш амрикоиҳо долларо аз тилло раҳо намуда, онро беқадр намуданд. Имрӯз, бо назардошти заҳрнок буднаш, бо доллар чӣ хоҳанд кард?