ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Дар асоси Созишномаи қолабӣ ҷонибҳо нақша доранд, дарояндаи наздик боз ду созишномаи қарзӣ - яке дар ҳаҷми 20 миллион доллар ва дигаре дар ҳаҷми 100 миллион юани чинӣ ба имзо расонанд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти “Амонатбонк”.
Тибқи иттилои манбаъ, бонки амонатгузории Тоҷикистон аз соли 2008 инҷониб дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай дар самтҳои гуногун бо Бонки давлатии рушди Чин ҳамкорӣ ба роҳ мондаааст.
Тибқи иттилои “Амонатбонк” то имрӯз 8 созишномаи қарзӣ дар ҳаҷми 56.5 млн доллар ва 33 млн юани чинӣ ба имзо расонида шудааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки корхонаи воҳиди давлатии "Бонки амонатгузории Тоҷикистон "Амонатбонк" барои тақвияти ҳамкории судманд бо созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ мунтазам ҳамкорӣ ба роҳ монда, дар ин самт тадбирҳои муассир андешидааст.
Ҳамзамон зикр карда шудааст, ки имзои Созишномаи қолабӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии "Бонки амонатгузории Тоҷикистон "Амонатбонк" ва Бонки давлатии рушди Чин далели ин гуфтаҳо аст.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари ахири давлатии Президенти Тоҷикистон ба Чин байни Корхонаи воҳиди давлатии "Бонки амонатгузории Тоҷикистон "Амонатбонк" ва Бонки давлатии рушди Чин Созишномаи қолабӣ ба имзо расонида шуд.