ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Тоҷикистон кишвари ҷавонон аст ва бо дарназардошти саҳм ва нақши онҳо дар сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати кишвар ҷойгоҳи афзалиятнок дорад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошияш ба муносибати Рӯзи ҷавонон баён дошт.
Вай таъкид кард, ки тайи беш аз се даҳсола ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду инкишофи қобилияту истеъдоди ҷавонон ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба зиндагиву фаъолияти ин сершумортарин қишри иҷтимоӣ як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ шуда истодаанд.
"Зеро мо хуб дарк мекунем, ки таваҷҷуҳ ба ҷавонон – ғамхориву сармоягузорӣ ба хотири ояндаи ободу пешрафтаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати тоҷикон мебошад", - изҳор дошт ӯ.
Президент гуфт, ҷавононро бояд тавре тарбия кард, ки онҳо фардо тавонанд Ватан ва давлатро соҳибӣ кунанд, онро обод созанд, боз ҳам пешрафта гардонанд ва миллату давлати худро ба аҳли башар ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.
"Шумо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошед, дар шароити торафт вусъат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо ва таъсири манфии унсурҳои фарҳангиву тамаддунии бегона манфиатҳои давлативу арзишҳои миллиро ҳимоя кунед", - гуфт Раҳмон.
Ба таъкид раисҷумҳур, барои ҷавонон пеш аз ҳама, зиракии сиёсӣ, илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, забондонӣ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату халқи Тоҷикистон ва худшиносиву худогоҳӣ муҳим мебошад.