Русия орзуи якунимасраи шоҳон ва ҳокимияти шӯравиро амалӣ гардонид

Владимир Путин бо ҳамроҳии ҳамтои эронии худ Иброҳим Раисӣ ба сохтмони шохаи роҳи оҳани Рашт — Астара оғоз бахшид. Лоиҳаи мазкур ояндадор ба ҳисоб меравад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 мая — Sputnik, Сергей Савчук. Рӯзи 17 майи соли 2023 аниқ ба таърихи навтарин чун рӯзи ҳодисаи аҳамияти ҷаҳонӣ дошта ворид мегардад ва дар барои ин рӯз эҳтимолан боре, шояд, ҳар китобҳои дарсӣ оид ба иқтисодиёт барои мактабҳои олии ихтисосӣ боби алоҳидае навишанд.
Дар ин рӯз Владимир Путин бо ҳамроҳии ҳамтои эронии худ Иброҳим Раисӣ ба сохтмони шохаи роҳи оҳани Рашт — Астара оғоз бахшид. Лоиҳаи мазкур аллакай дар ояндаи наздик орзуи қариб ҳамаи пешвоёни сиёсии давлати мо дар якуним асри охирро амалӣ гардонида метавонад.
Пеш аз ин рӯйдоди таърихӣ ба Теҳрон гурӯҳи сёсатмадорони русиягӣ таҳти сарварии ҷонишини сарвазир Александр Новак дар ҳайати вазири нақлиёт Виталий Савелев, ҷониши роҳбари Банки марказии Русия ва роҳбари хадамоти гумрук фиристода шуданд.
Бонки марказӣ: Таҷрибаи Эрон дар Русия такрор мешавад
Сафири Эрон дар Маскав Казем Ҷалилӣ, ҳамзамон, иттилоъ дод, ки дар доирати ин лоиҳа аллакай ҳафтаи оянда Элвира Набиулина ба Эрон сафар хоҳад дошт. Ҳайати намояндагони Русия худ аз он дарак медиҳад, ки то кадом андоза ин воқеа барои кишвари мо муҳим аст, қабули гарм аз ҷониби Эрон бошад, тасдиқи он аст, ки форсҳо низ ба ин тарҳ ҳавасмандии зиёд доранд.
Дарозии минтақаи сохтамешудаи Рашт – Астара ҳамагӣ 162 км-ро ташкил медиҳад ва он ба пуррагӣ дар қаламрави давлати исломӣ ҷойгир аст, аммо хоксории рақамҳо набояд ба гумроҳӣ баранд.
Сохтмони роҳи оҳани Заквказйе (он вақт Поти-Тифлисский) соли 1865 оғоз гардида буд. Император Александри II ва вориси вай дар тахт суботкорона роҳи оҳанро аз байни кӯҳҳои Қафқоз мекашиданд ва он замон ин амал орзуи дастнорас метофт – долони бевосита тавассути хушкӣ ва Форси дур.
Дар бораи муҳимияти лоиҳа он далел бозгӯ аст, ки сохтмонаш дар тамоми тӯли Ҷанги якуми ҷаҳонӣ бетанаффус идома дошт, дар давраи Инқилоби соли 1917 шоҳроҳи фӯлодин то ба Сочӣ расонида шуд, Арманистонро уреб гузашт ва то ба Туркия кашида шуд, ва ҳамчунин қариб то ба Боку расид.
Тоҷирони Малайзия, Русия, Ӯзбекистон, Эрон ва Ҳиндустон ба Душанбе чӣ оварданд? - видео
Пас аз инқилоб болшевикҳо ба ғайрати сечанд аз паи кор шуданд. Аллакай соли 1925 шоҳроҳ то ба Ленинакани арманӣ, Тсхалтубои гурҷистонӣ расонида шуд. Дар соли 1940 дар ин хатсайр Тсхинвали осетинӣ ва Сухуми абхазӣ пайдо шуд, соли 1949 бошад сохтмони азим бо ифтитоҳи истгоҳи роҳи оҳани Адлер ба анҷом расид. Номи роҳ ба Закавказский дигар карда шуд. Минбаъдаш бошад, корҳо суст шуданд, ва дар соли 1991 нуқтаҳои интиҳоии харитаи роҳи оҳан Ленинакант дар Арманистон ва иистгоҳи роҳи оҳани Нахичевани ва Ленкоран дар Озарбойҷон монданд.
Имрӯз дар бораи наздик шудани Маскав ва Пекин биёр мегӯянд ва дар ин маврид ба ҷараёнҳои ҳамсон бо Эрон беасос соя меандозанд.
Моҳи декабри соли гузашта агентии иттилоотии “Bloomberg”-и ИМА якбора фиғон бардошт, ки Маскаву Эрон бо сураъати зарбдор якбора якчанд долонҳои нақлиётӣ бунёд намуда истодаанд, азҷумла - долони баҳрӣ тавассути Астрахан ва Доғистон ба бандарҳои Астара, Энзелӣ, Ноушехр, ва Амиробод ва минтақаи роҳи оҳани имрӯз муҳокимашудаистода.
Якбора маълум гашт, ки форсҳо, ки кайҳо ва мустаҳкам зери таҳрими ИМА ва ҳамаи ҷаҳони демократӣ қарор доранд, бо суръати стахановӣ шохаи роҳи оҳанро ба ҷануб - ба бандарҳои Бандар-Аббос ва Чабахр кашида истодаанд.
Ҳамин, ки ин сохтмон ба итмом расид, аз Русия нафақат бевосита то Теҳрон, балки рост то ба бандари ҳиндии Мумбай – яке аз калонтарин нуқтаҳо савдову боркашонии ҳамаи Осиё расидан мумкин аст.
Ин бандар дар интиқоли бору коло фақат аз бандарҳои Кандла ва Парадип, ки тавассути ҳар яки онҳо ҳамасола зиёд аз миллион тонна бор кашонида мешавад. ақиб мемонаду халос.
Дар Русия аз тарҳҳои муштараки ояндадор бо Эрон гуфтанд
Маҳз барои ҳамин ба сохтмони охирин қитъаи шоҳроҳ, ки аз нигоҳи дарозии роҳи оҳан ночиз аст, чунин аҳамияти калон дода мешавад ва гулмехи аввалро дар ин росто таҳти назари сарони ду давлат хоҳанд кӯфт.
Дар ин маврид ҳатман якчанд хосияти аҷоиби кафқозиро илова кардан зарур аст.
Аввал ин, ки исроркории дипломатии Маскав аён мегардад, ки мавқеи довари байни муносибатҳои Арманистон ва Озарбойҷонро дорад. Бар Кремл басо зарур аст, ки ба Осиё долони нақлиётии боэътимод кушояд. Барои ин бошад, зарур аст, ки дар минтақаҳое, ки шохаи ягонаи роҳи оҳан тавассути онҳо мегузарад, бояд амну субот ҳукмрон бошад.
Дуюм ин, ки то ба имрӯз минтақаи роҳ тавассути Гурҷистон истифоданошуда боқӣ мемонад. Тифлис, албатта, ягон хел иттифоқчӣ нест, лекин таи якуним сол алайҳи Русия таҳрим ҷорӣ ҳам накард, пештар бошад Владимр Путин ногаҳонӣ хатсайри ҳавоиро байни ду давлат аз нав барқарор намуд.
Боиси қайд аст, ки Саломе Зурабишвили ин амалро иғво номид, аммо парлумон фикри ӯро умуман сарфи назар намуд. Ҳамакнун, транзити гурҷистонӣ то ба Эрзуруми туркӣ мемонад; дар ин бора дафъаи дигар сухан хоҳем гуфт.
Ба ин қутии тасодуфҳои ғайритасодуф ҳамин далелро ҳам илова кардан лозим аст, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2022 гардиши молу маҳсулот миёни Русияву Эрон рекорди таърихӣ гузошт. Сафири Русия дар Эрон Алексей Дедов чанде пешҳ хабар дод, ки тӯли як сол нишондиҳандаҳо якбора ба 15 % зиёд гадиданд, арзиши умумӣ бошад дар ин самт 4,5 миллиард долларро ташкил дод.
Решетников: Таваҷҷуҳи сайёҳони Эрон ва Русия ба сафарҳои мутақобила афзоиш ёфтааст
Русия ба ҷануб маҳсулоти кимиёвии ғайриорганикӣ, таҷҳизоти ҳаётан муҳим барои соҳаҳои истихроҷи нафту газ, воситаҳои гунногуни ченак мефиристад. Аз он ҷо бошад, маводи ғизоӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти пластмассӣ ва металли сиёҳ ворид мегардад.
Дар интиҳо илова мекунем, ки имрӯз борҳо миёни Русияву Эрон роҳи дуру дарозу пурпечутобро тай мекунанд – аз бандари Балтика баромада, дар идома тавассути Баҳри шимолӣ, аз наздикии Фаронсаву Испания гузашта, ба воситаи Баҳри Миёназамин ва канали Суэтс.
Киштиҳо, барои он ки ба бандари дар боло овардашудаи Мумбай расанд, беш аз 14 ҳаз. километрро тай мекунанд, ки барои он 40 рӯз вақт даркор аст. Ҳамин ки роҳи кӯтоҳу арзону бевосита тавассути Кафқоз ва Эрон кушода шуд, дарозии хатсайр то ба 3000 километр кам мегардад.
Чуноне, ки мегӯянд, роҳи оҳан кӯтоҳу қулай аст, аммо - арзишаш - гарон.