Бурду бохт дар рӯзи аввали CAFA-2023

Дар Тоҷикистон мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни варзишгарони то 20-сола оғоз шуда, натиҷаи аввалин сабқатҳо маълум гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Бозиҳои чаҳорумин чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ - CAFA-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода ҷараён доранд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар рӯзи аввал аллакай тимҳои Ӯзбекистон бо Эрон ва Афғонистон бо Туркманистон зӯрозмоӣ карданд.
"Дар даври аввал дар варзишгоҳи "ТАЛКО-Арена"-и шаҳри Турсунзода мунтахаби Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:2 тими Эронро шикаст дод", - омадааст дар иттилоияи ФФТ.
Манбаъ таъкид кард, ки дар вохӯрии дигар дар варзишгоҳи КМВА-и пойтахт футболбозони афғон бар тими миллии Туркманистон пирӯз шуданд. Ҳисоби ин бозӣ 2:1 ба фоидаи дастаи Афғонистон шуд.
Бозиҳои даври дуюми чемпионати CAFA-2023 рӯзи 22 май баргузор мешаванд, иттилоъ дод ФФТ.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давр дастаи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Афғонистон вомехӯрад.
Футболбози тоҷик қаҳрамони Эрон шуд
Ин бозӣ дар варзишгоҳи "ТАЛКО-Арена"-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, соати 17:00 оғозаш мебошад, омадааст дар иттилоия.
Федератсияи футболи Тоҷикистон таъйид кард, ки дар баробари ин, дар варзишгоҳи КМВА-и Душанбе бозии дастаҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон сурат мегирад.
CAFA созмони минтақавии футбол мебошад, ки тайи солҳои охир мусобиқаҳои мухталиф миёни футболбозони ҳам мард ва ҳам занро дар Осиёи Марказӣ ташкил мекунад.