ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Наворҳои нашршуда нобудшавии ҳадафҳо ва бесамар будании кори маҷмааҳои мудофиаи зиддиҳавоии ғарбӣ, азҷумла – маҷмааи мушакиву зенитии амрикоии “ЗРК Patriot”, ки бо зарби мушаки русиягӣ нобуд кардашуд, тасдиқ намуданд.
Фармондеҳонаи Қувваҳои мусаллаҳи Украина эълон дошт, ки дар ҳарими ҳавоии шаҳри Киев “ҳамаи 18 мушакҳо нобкд карда шуданд”, азҷумла – 6 мушаки фароовозӣ (дурӯғ барои халосӣ).
Дар ҳамин ҳол, хадамотҳои махсус ба президенти украинӣ Владимир Зеленский тавсия доданд аз бозгаштан аз сафари аврупоӣ ба кишвар худдорӣ намояд – басо хатарнок аст.
Дар амал бошад, воситаҳои натогии мудофиаи заддиҳавоӣ ҳамоят намекунанд, баръакс, хавфро печидатар мекунанд. Маводҳои нашрияҳои “Reuters” ва “Washington Post” нашрнамуда возеҳ нишон доданд, ки мушакҳои зенитии аз чорбоғҳо сар додашудаи НАТО чӣ гуна хонаҳои маҳаллаҳои аҳолинишинро аз як ҷой ба ҷои дигар “мекӯчониданд”.
Садақаи яроқии Ғарб ба Украина нафақат маргу вайронӣ меорад. Бамаврид аст ба хотир орем яроқу аслиҳаи дорои урани тиҳишудаи қӯшунҳои Украинаро (арзишашон 500 млн доллар ),ки чун дар рӯзи қиёмат дар наздикии Хмелнитск нобуд карда шудаанд
Аммо режими киевӣ боз ҳам ба мӯъҷиза умед дорад, ва Зеленский дар ҷараёни саёҳати ҳангомавори хориҷаи худ басо оҳани қадимаро гадоӣ кард.
Ростӣ, қиркунандаҳои “сеҳрнок”-и амрикоиро ба артиши Украина боз надоданд, ба қабул ба НАТО дар солҳои наздик ҳам умедвор накарданд. Аз наздиктар “яроқҳои афсонавӣ”-и аз масхарабози аврупоӣ бо заҳмати зиёд рӯёнидаро дида мебароем.
Британия ба Зеленский 200 бесарнишини зарбазан ва 400 мушакҳои болдори “Storm Shadow” ваъда дод – бариловаи 200 мушаки пештар додааш. Ҳамчунин, маълум аст, ки Лондон барои дарёфти тайёраҳои зарбазан ба Киев мусоидат мекунад – на аз ҳайати қувваҳои низомӣ-ҳавоии британиёвӣ.
Олмон саховатмандона ба Киев “баста” ба андозаи 2,7 млрд евро ҷудо намуд: 20 мошинаи ҷангии хушкигарди “Marder”, 30 танки навсозишудаи “Leopard 1 A5”, 18 тӯпи вазнини кӯтоҳмили “RCH 155”, 100 мошинаи зиреҳпӯш, зиёда аз 200 бесарнишинҳои ҷосусӣ, тӯпҳои артиллерӣ, мушакҳо барои маҷмааи реактивии оташи силсилавӣ ва боз чор маҷмааи мудофиаи зиддиҳавоии “IRIS-T SLM” (ҳамагӣ ҳашт адад мешавад).
Фаронса якчанд даҳтогӣ мошинаҳои чосусии зиреҳпӯши “AMX-10RC”, мушакҳои болдори “SCALP-EG” бо дурии парвози то 250 км, ва идома додани омоданамоии мутахассисони артиши украиниро (азҷумла – сарнишинони тайёраҳои қиркунандаро) ваъда дод.
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон изҳор дошт: “Ягон чизи мамнӯъ нест. Мо бо якчанд кишварҳои аврупоӣ, ки ба ин кор омодаанд, дарҳоро барои омӯзонидани сарнишинҳо кушодем”. Албатта, Русия ба чунин ранг гирифтани кор кайҳо омода буд, яъне ки барои нобудсозии тайёраҳои зарбазани натогӣ.
Пештар ИМА ба Украина ваъда дода буданд, ки боз ба андозаи 1,2 млрд доллар кӯмаки низомӣ мерасонад – асосан воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ.
Амалиёти натогии “аз эътибор соқиткунӣ”
Коршиносони ғарб чунин меҳисобанд, ки барои амалиётҳо ҳуҷумкунӣ ба артиши Украина аз ҳама муҳим ва зарураш интиколи мушаҳои болдори баританиёгии “Storm Shadow” бо дурии парвози то 250 км, бо сараки ҷангӣ бо вазни 450 кг. мебошад.
Мушаки "Тен бури" - ин шакли аврупоии яроқи монанди "Томагавка"-и амрикоӣ мебошад. Мушаки зерсадоии битаниёвию фаронсавии мавқеашон фазоӣ дар охири асри гузашта барои нобудсозии иншотҳои дар чуқурӣ ҷойгиршудаи душман (нуқтаҳои идоракунӣ ва ё алоқа), барои нобуд сохтани пулҳо, биноҳои корхонаҳои саноатӣ ва марказҳои фармондеҳӣ сохта шудааст.
Сӯи нишон аз баландии 30-40 метр мепарад, барҷастагищои маҳалро гирд мегардад. Идоракуниаш – инертсионалӣ, GPS ва TERCOM (аз рӯи харитаи маҳал) мебошад.
Суръати ҳаракати крейсерӣ – қариб 900 км дар як соат. Мутахассисони натогӣ мушаки “Storm Shadow” –ро бо маҷмааҳои боркашони тайёраҳои шӯравии“Су-24”, “Су-27“ ва “МиГ-29”, ки артиши Украина дорад, якҷоя намудаанд. Шояд, барои қӯшунҳои украинӣ маҷмааи таҷҳизоти заминии партоби мушак низ сохта шуда бошад.
Мушакҳои бритониёгӣ – ҳушманд, лекин – нав нестанд, дар радарҳо ин мушакҳоро дидан мумкин аст. Дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ маҷмааҳои мудофиаи ҳавоии русиягӣ ба таври таъҷилӣ мушакҳои “Storm Shadow”-и зада, ҳисобро кушоданд – танҳо таи шабонарӯзи гузашта 7 адад чунин мушакҳо нобуд карда шудаанд.
Пештар (12 май) қиркунандаҳои қувваҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия тайёраҳои бомбаандози украинии “Су-24” (кадоме мушакҳои “Storm Shadow”-ро бар Луганск патроб доштанд) ва қиркунандаи “Миг-29”-и муҳофизи вайро “дарзмол” намуданд.
Зиёда аз 3000 мушаки Storm Shadow истеҳсол шудааст (ҳар кадомаш 850 ҳазор евро арзиш дорад) ва таъминоти Бритониё ва Фаронса бешубҳа бо шашсад мушаки британиёгиву фаронсавӣ маҳдуд намешавад. Киев маблағи ҳамаашро пардохт хоҳад кард..
Сӣ адад танкҳои навсозишудаи ”Leopard 1 A5”-и Олмон ”дар назар зебо метобанд. Аммо, “Леопард 1” тӯли 60 сол боз истифода бурда мешавад (ҳамтои “Т-54”-и шӯравӣ) ва иқтидори бозсозишавиаш кайҳо тамом шудааст.
Танкҳои азнавсозишудаи “A5” (1986) аз аҷдодони "динозавр"-ашон бо системаи назорати оташфишонии “EMES-18”, бо нишонгири тирандозии ба диапазони насбшудаи лазерӣ ва камераи ошкоркунандаи гармӣ фарқ мекунад. Тӯпи рахдори калибраш 105 мм – боқимондаи асри гузашта аст, гулӯлаборкуни автоматӣ надорад.
Муҳофизати иловагии зиреҳи модулӣ рӯйпӯши дар оғоз заифшудаи танаро ҷуброн намекунад. Дар артиши Олмон тақрибан 1200 чунин танк боқӣ мондааст ва театри амалиёти вижаи Украина беҳтарин роҳи аз эътибор соқиткунии онҳо аст.
Олмон қаблан ба Украина мошинҳои хушкигарди ҷангии “Marder” (40 адад) интиқол дода буд. Дар Бундесвер ин мошини ҷангӣ соли 1971 ба истифода дода шуда буд. Манораи зиреҳпӯши дуқабата, ки бо тӯпи автоматии 20 миллиметрӣ ва пулемети 7,62-мм - и ба он ҷуфтшуда дорад ва ин имкон медиҳад ҳам қумондон ва ҳам нишонзан оташ кушоянд.
Пулемети дуюми 7,62 миллиметра дар таҷҳизоти чарханда бо идоракунии фосилавӣ насб крада шудааст. Танаи мошин аз варақҳои пӯлод кафшер карда шудааст, зиреҳи паҳлуи танк бошад аз снарядҳои то 20 мм муҳофизат карда метавонад.
Дар ҷанги як ба р як бо мошини ҷангии хушкигарди “БМП-3” шонси зинда мондани мошини олмонӣ ба сифр баробар аст, мо ҳоло аз бархӯрд бо танкҳои Русия чизе намегӯем. Истифодаи “БМП Marder” дар амалиёти ҷангӣ дар Афғонистон дар соли 2009 пирӯзӣ наовард.
Табиист, ки аз соли 2010 инҷониб мошини нави ҷангии “Пума” дар Олмон “Мардер”-ро иваз кард. Дар Украина нобуд кардани зиреҳпӯшҳои кӯҳнашудаи олмонӣ фоидаовар аст. Қайд менамоем - Олмон дар як вақт барои интиқоли 50 мошини чангии "Пума" ба маблаги 1,2 миллиард доллар додани шартнома имзо расонид.
Мошини ҷангии ҷосусии фаронсавӣ “AMX-10 RC” аспи гардонанда нест, аммо он "танки чархдор" ҳам нест. Бо силоҳи суфтамили 105 мм. дар манора. Як пулемети калибраш 7,62 мм бо тӯп ҷуфт карда шудааст. Зиреҳи тунуки AMX-10RC аз аслиҳаи тирандоз ва шикастапораҳо муҳофизат мекунад, аммо на аз гулӯлаҳои калибри калон ё мушакҳои зиддитанкӣ.
Мошин аз соли 1976 фарсуда шуд, истеҳсолаш дар соли 1994 қатъ карда шудааст. Дар маҷмӯъ, зиёда аз 450 “RC AMX-10” истеҳсол карда шудааст, ки Фаронса онҳоро дар амалиёти "Туфони биёбонӣ" ва дар мубориза бар зидди исёнгарони африқоӣ истифода бурда буд.
Роҳи ҷангии "танки чархдор" корнамоиҳои шоёни таҳсин надорад. Давом медиҳем – фақат аз эътибор соқиткунӣ, албатта, дар якҷоягӣ бо баталйонҳо ва экипажҳои Украина. Чуноне ки дирӯз бо ҳайати экипаж ва қатори мошини зиреҳпӯши британии “FV103” - "Спартан" (модели соли 1978) дар наздикии Артемовск рух дод.
Дар ин радда тӯпҳои таҷрибавии худгарди олмонии 155-мм "RCH 155" бо масофаи тирандозии то 54 км (ҷамъ 18 адад то соли 2025) ва маҷмааи мудофиаи зиддиҳавоии миёнапарвози “IRIS-T” (чор маҷмӯъ), ки ҳоло ариши Олмон онро барои истифода нагирифтааст, мавқеи хоса дорад.
Дар Украина озмоишҳои шадиди ҷангии навъҳои нави аслиҳа баргузор шуда истодааст. Ҳатто агар "ҳамлаҳои ҷавобӣ" ҳеҷ гоҳ сар назананд ҳам.
Генерали амрикоӣ Марк Хертлинг дар мақолаи рӯзномаи "Вашингтон Пост" кайд мекунад: "Амалиётҳои ҳуҷум қуввахои бештар, гардиши саҳеҳтар, дақиқии нишонзанӣ ва тирандозӣ, ва таъминоти тӯлониву боэътимодтарро талаб мекунад.
Артиши Украина ҳеҷ гоҳ бо чунин миқёс чунин коре ба анҷом нарасонидааст. Ҳатто барои қувваҳои ботаҷриба ва омодагии хуб дошта тамарқуз кардани қудрати ҷангӣ дар чанд нуқтаи ҳалкунандаи ҳамла ниҳоят душвор аст."
"Ҳамлаи ҷавобӣ"-и Қувваҳои Мусаллаҳи Украина барои Ғарб хатари бузург дорад, зеро пас аз қабули қарори стратегӣ, раванди бебозгашти нобудии оммавии захираҳои ИМА ва НАТО, аз ҷумла - ҳайати шахсии артиши лӯхтакмонанди Украина - ба кор медарояд.
Дар ҳамин ҳол, буҷаи ҷудонамудаи ИМА барои пуштибонӣ аз Украина, ки аз ҷониби Конгресс тасдиқ шудааст, то нимаи тобистон мерасаду халос ва эҳтимол аст низоъ дар Украина дар охири соли 2023 “ях бандад”. Тахмин мезанам, муваққатан. Ҳар чӣ ҳам бошад, кӯмаки низомии Ғарб ба режими киевӣ вазифаҳо ва ҳадафҳои амалиёти вижаи низомии Русия – беяроқкунӣ ва аз фашистон озод намудани Украинаро тағъир намедиҳад.