ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Чин Си Ҷинпин барқарор намудани хатсайри Душанбе - Пекинро баррасӣ карданд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот ҳамчунин, робитаҳо дар самти пешрафти инфросохтори сайёҳии Тоҷикистон, истифодаи иқтидорҳо ҷиҳати рушди ҳамкории гуманитарӣ, аз ҷумла илму маориф ва афзоиши шумораи бурсияҳои таҳсилотии Чин барои Тоҷикистон муҳокима гардид.
Барқарорсозии хатсайри ҳавоӣ дар ҳолест, ки пештар аз оғози парвозҳо дар масири Сиан - Урумчӣ - Душанбе хабар дода шуд.
Ин парвоз аз 18 май мустақиман байни Сиан ва Душанбе оғоз мегардад. Парвозҳое, ки шаҳрҳои ду кишварро ба ҳам мепайвандад, тавассути ширкати China Southern Airlines анҷом мешавад.
Тибқи маълумоти нав, парвози CZ5083/4 Сиан - Урумчӣ - Душанбе ҳар рӯзи панҷшанбе сурат мегирад. Ҳавопаймо аз Сиан соати 19:05 ба вақти Пекин парвоз карда, рӯзи ҷумъа соати 00:55 ба вақти маҳаллӣ ба Душанбе мерасад.
Парвози баргашт, рӯзи шанбе соати 01:35 ба вақти Пекин сурат гирифта, ҳавопаймо бояд соати 12:30 дақиқа дар Сиан фуруд ояд.