Вазорати дифои Русия кори ҷангии экипажҳои миномётҳои худгарди 120 миллиметрии "Нона-СВК"-и Ҳавзаи низомии марказиро дар минтақаи амалиёти вижа нишон дод.
Тирпарронӣ бо хумпораҳои тарканда ва фаъоли реактивӣ ба масофаи то 18 километр сурат мегирад.
Тасҳеҳу дақиқсозии самту нуқтаҳои оташнишонӣ ба таври сареҳ дарҳол сурат мегирад.
Вазорати мудофиаи Русия таъкид намудаст, ки тасҳеҳи самти оташнишонӣ дар вақти воқеӣ имкон медиҳад, ки иншооти ҳариф бо шумораи камтарини хумпораҳо мавриди зарба қарор дода шаванду нобуд гарданд.
Маврид баз зикр аст, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ амалӣ карда истодааст.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи амалиёти вижаи низомиро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи раҳбари Русия, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.