ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Дар деҳаи Палдораки ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ сохтмони хонаҳое, ки бар асари заминларзаи моҳи марти соли равон пурра хароб гардида буданд, оғоз гардид.
Дар ин бора сардори бахши КҲФ дар ноҳияи мазкур, Зафар Мирзобошиев, ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
"Дар назар аст, сохтмони хонаҳои нав дар оғози моҳи июл пурра ба анҷом расонида шаванд", - гуфт ӯ.
Мирзобошиев аз саҳми блогерону саховатмандон ва ҳукуматҳои шаҳру навоҳии кишвар зикр кард, ки то ин вақт ба зарардидагони зилзила ёриҳои башардӯстонаи худро аз қабили масолеҳи сохтмонӣ, маблағ ва маводи озуқаворӣ расонида истодаанд.
Маврид ба зикр аст, ки санаи 23 марти соли ҷорӣ заминҷунбии шадид дар деҳоти Кӯҳистони Мастчоҳ харобиҳо дар пай гузошт.
Он замон мақомот шиддати заминҷунбиро то 6 бал арзёбӣ намуданд. Бар асари ин ҳодисаи табиӣ 53 хонаю иншооти сокинон қисман ва 4 хонаи истиқоматӣ ба пуррагӣ тахриб гардида, инчунин 120 сар чорвои сокинон талаф ёфта буд.
Масъулони ситод оид ба бартарафсозии паёмади заминҷунбӣ гуфтанд, ки аз ин ҳодисаи харобиовар ба ин ноҳияи дурдасти шимоли Тоҷикистон дар умум 4,2 млн сомонӣ зарар расидааст.