ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Фитрати Ҳикмат, аз масъулони матбуотии ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ бо ироаи ин иттилоъ замон ва макони баргузории ин чорабинии мудофиявиро шарҳ дод.
Бино ба гуфтаи манбаъ қарор аст, чорабинӣ соати 6:00 и субҳи рӯзи 19 май дар варзишгоҳи марказии ноҳия шурӯъ шуда, то се соат идома хоҳад кард.
“Дар он ба ҳисоби сарбозону кормандони мақомоти низомӣ инчунин сокинон ҷинси марди аз 18 сола то 55 сола даъват карда мешаванд” - қайд намуд, мусоҳиби Sputnik Тоҷикистон.
Мақомоти комиссарияти ҳарбии ноҳия ҳадафи баргузор кардани ин чорабиниро санҷиши омодабошии воситаҳои мудофиявӣ ва сайқал додани маҳорати ҳайати шахсӣ ва иштироккунандаҳо унвон мекунанд.
Бар пояи иттилоъи манбаъ дар ҳамоиши низомӣ мудофиявии ноҳияи Мастчоҳ ба ҳисоби сарбозону афсарон 10 ҳазор сокиноне, ки дар рухсатии эҳтиётӣ қарордошта иштирок варзанд.
Дар рафти баргузории ҳамоиш, иштирокдорон ҳамроҳ бо ҳайати ширкатдори мақомоти низомӣ санҷиши дурусти амалиётҳои ҳарбии мудофиявӣ ҳудудиро меомӯзанд.