ДУШАНБЕ, 16 май – Sputnik. Дар ноҳияи Ашт ҷамъоварии ҳосили зардолуи барвақтӣ ё пешпазак оғоз шуд, иттилоъ доданд мақомоти кишоварзии Суғд.
Давоми 6 рӯзи охир тавассути 70 адад мошинҳои боркашон наздики 1,2 ҳазор тон зардолу ба хориҷи кишвар содир шудааст, иттилоъ дод сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ашт, Бахтиёр Усмонов ба Sputnik Тоҷикистон. Аз ин миқдор зардолу 70% ба Русия ва 30% ба Қазоқистон интиқол ёфт, афзуд ӯ.
Тавзеҳ дода шуд, ки содироти зардолу асосан тавассути мошинҳои боркашони бузургҳаҷми дорои сардхона дар шароити тару тоза сурат мегирад. Ин коррро соҳибкороне, ки дар ин самт таҷрибаи кофӣ доранд ба иҷро мерасонанд.
Бино ба иттилоъи сардори Идораи кишоварзии Ашт дар ин ноҳияи ҳудуди 18 ҳазор га боғи зардолу мавҷуд будааст, ки ҳудуди 600 гаи онро дарахтони зардолуи арзанак ва ё пешпазак ташкил медиҳад.
Ин навъ маҳсули ранҷи боғдорони Суғд то ин замон дар намоишгоҳҳои бонуфузи байналмиллалӣ бо доштани сифати баланд аз ҷумла тамъ, ранг ва ширинӣ мақоми намоён касб кардааст.
Масъулони Идораи кишоварзӣ мегуяд, имсол ҳосили дарахтон хуб ба назар мерасад ва аз ин ҳисоб ҳаҷми содироти зардолу ва гелосу олуболу ҳам афзоиш хоҳад ёфту аз ин ҳисоб боғдорону деҳқонон рӯзии хубе ба даст хоҳанд овард.
Бино ба иттилои Сарраёсати кишварзии Суғд, дар ин вилоят ҳоло ҳудуди 45 ҳазор гектар боғи зардолу мавҷуд аст. Дар баробари Ашт, шаҳрҳои Исфараву Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зардолупарвар маҳсуб мешаванд.
Бахтиёр Усмонов изҳори умедворӣ кард, ки соли ҷорӣ аз ҳисоби фаровонии ҳосили дарахтон ҳаҷми содироти зардолу то ба 6 ҳазор тон расонида хоҳад шуд.
Ҳоло нархи як кило зардолуи арзанак ва ё тезпазак дар бозорҳои Суғд ба 6 - 8 сомонӣ баробар аст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ то ду баробар арзон гуфта мешавад.
Ду соли пеш пайдарпай сармои шадид боиси сиёҳ гардидани гули зардолузорҳо гардида дар ниҳоят ҳосили дурусту назаррасе ба даст наомад ва ин ҳол боиси ду се маротиба гарон шудани нархи зардолу гардида буд.
Боғпарварон мегӯянд, нархи зардолу вобаста ба ҳаҷми ғунучини ҳосил вобаста аст. Ҳоло бо он, ки ҳосил фаровон аст, нархи он ҳам арзону барои ҳама дастрас аст, зикр мекунанд, боғпарварон.