ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Темур Раҳимов собиқ қаҳрамони ҷаҳон Кокоро Кагуераи ҷопониро шикаст дод ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ҳамвор кард.
Ӯ ягона аз миёни ҷудокорони тоҷик аст, ки дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ то даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Ҳарифи ӯ дар даври ниманиҳоӣ ҷудокори фаронсавӣ Тедди Риннер аст.
Дар даври қаблӣ ҳарифи ӯ ҷудокор аз АМА буд, ки як партофти Темурро бо сар дифоъ кард ва пас аз ин иштибоҳ довар ӯро аз майдон хориҷ намуд.
Ҳарифи ҷопонии ӯ бошад, соли 2021 дар Маҷористон нишони тиллоӣ Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳонро соҳиб шуд, вале имсол аз дасти паҳлавони тоҷик шикаст хӯрд.
Маврид ба зикр аст, ки Темур дар даври аввал озод буд ва рақобатҳоро аз даври дуюм оғоз кард. Нахуст ҳарифи ӯ ҷудокор аз Гвинея буд ва дар ин қувваозмоӣ Темур тавонист, бо усули "осаикоми" рақибашро мағлуб кунад.
Ёдовар мешавем, ки Темур аз миёни ҷудокорони тоҷик дар давоми 7-рӯзи мусобиқа аввалин шуда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.