ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Манобеъ хабар додааст, ки ин даргирӣ дар минтақаи Обидхиёли вулусволии Ҷаболулсроҷ рух додааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ба гуфтаи манобеъ, ин даргирӣ замоне рух дод, ки Абдулҳамиди Хуросонӣ бо афроди таҳти амраш барои гирифтории чанд тан аз сокинони вулусволии Ҷаболулсроҷ рафта буданд.
Манобеъ меафзоянд, ки пас даргирии як соъата неруҳои вазорати дифои толибҳо ба фармондиҳии мавлавии Фарҳод, фармондиҳи Фирқаи Багром, чаҳор тан аз афроди Хуросониро боздошт карданд.
Манобеъ изофа мекунанд, ки неруҳои вазорати дифои толибон Абдулҳамид Хуросониро ҳам нахуст боздошт, аммо дубора озод карданд.
Ба иттилои манбаъ дар миёни толибҳо низ дар суҳбат бо рӯзномаи “8 субҳ” вуқуъи ин рӯйдодро таъйид карданд.
Ёдоварӣ мекунем, ки аз чанд моҳ ба ин сӯ миёни Абдулҳамиди Хуросонӣ ва вазорати дифои толибҳо ихтилофот вуҷуд дорад .
Манобеъ дар вазорати дифои ин гурӯҳ Хуросониро ба боздоштҳои худсарона ва боҷгирӣ аз мардум муттаҳам мекунанд, аммо ин иддао ҳамвора аз сӯйи вай такзиб шудааст.