Аҳмадзода аз дастаи "Хуҷанд" қаноатманд нест

Ба таъкиди раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд, клубро зарур аст, ки нишондиҳандаи бозиро ба таври қобили мулоҳиза беҳтар намуда, мавқеъашро дар ҷадвали мусобиқа мустаҳкам намояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Ба бошгоҳи футболи "Хуҷанд" лозим аст, ки нишондиҳандаи бозиро ба таври ҷиддӣ беҳтар созад, гуфт раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки ҳамзамон раиси Федератсияи футболи вилоят низ мебошад.
Аҳмадзода дар ин бора дар мулоқот бо мураббиён ва дастаи футбол хабар дод. Ӯ қайд намуд, ки "Хуҷанд" ва як бошгоҳи дигари суғдӣ "Эсхата" аз тимҳои пурқуввати кишвар мебошанд.
" Ҳоло "Эсхата" дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олӣ дар ҷои аввал қарор дорад. Вале "Хуҷанд" дар мақоми 9-ум ҷо гирифтааст", - таъкид дошт раиси вилоят.
Ӯ ба роҳбарият ва мураббиёни бошгоҳ дастур дод, ки фаъолиятро беҳтар намуда, камбудиҳоро ислоҳ кунанд ва афзуд, ки барои машғулиятҳои варзишӣ дар вилоят тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Нумон Ҳасанов, дастпарвари “Пахтакор”, сармураббии "Хуҷанд" шуд
Дар идома раиси вилоят афзуд, тими "Хуҷанд", ки аллакай 5 маротиба Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст, бояд мавқеъи худро дар ҷадвали мусобиқот мустаҳкам кунад.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл дар даста мураббӣ иваз шуд. Ҷойи Рустам Хоҷаевро, ки баъди бозии "Хуҷанд" ва "Файзканд", ки бо мусовӣ анҷом ёфт, истеъфо дод, мутахассиси ӯзбак Нӯъмон Ҳасанов гирифт.