Аз тоҷик то русу қирғиз: Володин гуфт, Ғалаба ҳамаи моро муттаҳид мекунад

Раиси Думаи давлатии Русия хотиррасон кард, ки иди Ғалаба муқаддас буда, ҳамаи кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравиро муттаҳид мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Ҳеч гоҳ фаромӯш нахоҳем кард, ки ба чӣ баҳое Ғалаба бар Олмони нозиро ба даст овардем, изҳор дошт раиси Думаи давлати Русия.
Вай дар паёми шодбошияш ба муносибати 78-умин солгарди Ғалаба дар ҶБВ изҳор дошт, ки ин рӯз ҳамаи кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравиро муттаҳид мекунад.
"Рӯзи Ғалаба ҳамаи моро - русҳо, белорус, украиниҳо, қирғизҳо, арманҳо, тоҷикҳо, ӯзбекҳо, қазоқҳо, туркманҳо ва дигар халқҳои Иттиҳоди Шӯравиро муттаҳид мекунад, ки китф ба китф ҷаҳонро аз фашизм ҳифз кардаанд", - навиш Володин.
Вай зарур хонд, ки хотироту ҳақиқати ҶБВ барои наслҳои оянда бояд ҳифз кард шавад.
Аз субҳонаи ғайрирасмӣ то тамошо аз минбар: Раҳмон дар Маскав чӣ кор мекунад?
Бар асоси оморҳои нашргардида, Тоҷикистон дар баробари дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ наздики 300 ҳазор фарзандонашро ба ҷабҳа фиристод, ки қариб 100 ҳазори онҳо барнагаштанд.
Барои корнамоиҳо дар ҷабҳаҳои ҶБВ 54 нафар тоҷикистонӣ бо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени "Шараф" ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо қадрдонӣ гардиданд.
Дар ақибгоҳ низ тоҷикистониён барои таъминоти фронт қаҳрамониҳо нишон дода, садҳо ҳазор тон ғалла, пахта, пашм, либоси гарм ва дигар лавозимотро таъмин мекардаанд.
Ҷумҳурӣ инчунин ба Хазинаи мудофиа ва силоҳсозӣ маблағҳои бузургро интиқол дода, сокинони он даҳҳо ҳазор кӯчондашудаҳо аз минтақаҳои марказию ғарбии Иттиҳоди Шӯравиро дар хонаҳои худ ҷой доданд.