Дар Душанбе беҳтарин ҳунармандони театр қадрдонӣ шуданд - видео

Намоишномаи "Мастер ва Маргарита"- и Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ҷоизаи Гран-прии ҷашнвораи театрӣ дар Душанберо гирифт
Sputnik
Дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маросими пӯшидашавии фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ "Парасту-2023" баргузор шуд.
Дар саҳнаи театр ғолибон аз рӯи 24 номинатсия ҷоиза гирифтанд. Ҷоизаи Гран-при ба Театри давлатии драмавии русии Тоҷикистон ба номи В.Маяковский барои намоиши “Мастер ва Маргарита” аз рӯи асари Михаил Булгаков, коргардон Хуршед Мустафоев дода шуд.
Дар номинатсияи "Беҳтарин намоишнома" ҷои аввал насиби Театри давлатии академӣ-драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лаҳутӣ бо намоишномаи "Абри сафеди Чингизхон" аз рӯи асари Чингиз Айтматов, таҳти коргардон Сӯҳроб Усмонов гардид.
"Мастер ва Маргарита" дар Тоҷикистон беҳтарин дониста шуд
Ҷойи дувумро бо намоишномаи “Зол ва Рӯдоба”-и Абулқосим Фардосӣ дар таҳияи Баҳром Қурбонов Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар соҳиб шуд.
Ҳайати ҳакамон ҷои сеюмро ба Театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ барои намоишномаи "Торг"-и Умед Хусравов лоиқ донист.
Дар ин озмун дар маҷмӯъ 18 театри касбии кишвар ширкат карда, беҳтарин намоишномаҳои худро дар солҳои 2021-2022 ба саҳна гузошта, ба ҳайати доварон ва тамошобинон пешкаш намуданд.