Раҳмон Тоқаевро ба Тоҷикистон даъват кард

Раҳбари Тоҷикистон қайд кард, ки Қазоқистон, ки дар сохтори умумии савдои хориҷии ҷумҳурӣ мақоми дуюмро ишғол мекунад, яке аз шарикони муҳими Душанбе мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистонро ба Тоҷикистон даъват кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
"Даъватро бо камоли эҳтиром кабул карда шуд, — хабар дод манбаъ.
Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт, ки эъломияи қабулшуда дар бораи ҳамкориҳои шарикӣ ба стратегия дуҷониба "хусусияти ҳамкориҳои шарикӣ" медиҳад.
"Ман итминон дорам, ки сифати нави муносибатҳои мо омили рушди минбаъдаи пайвастаи муносибатҳои байнидавлатӣ дар ҳама соҳаҳо хоҳад шуд", - афзуд раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Номбурда зикр кард, ки Қазоқистон, ки дар сохтори умумии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ҷои дуюм қарор дорад, аз шарикони муҳими Душанбе маҳсуб мешавад.
Ду минтақаи Тоҷикистону Қазоқистон муносибатҳои бардорӣ барқарор карданд
Ҳамин тариқ, дар заминаи ҳамкории иқтисодӣ бахшҳои зерин ҳамчун самтҳои афзалиятнок муайян карда шуданд:
истихроҷи маъдан;
металлургия;
саноати сабук ва хурокворӣ;
мошинсозӣ;
дорусозӣ.
Илова бар ин, ҷонибҳо атрофи вазъи Афғонистон табодули афкор намуда, чолишҳо ва таҳдидҳои мавҷуда ба амнияти минтақаро баррасӣ карданд.
"Дар ин замина мо ба таҳкими бештари ҳамоҳангии ниҳодҳои қудратӣ, хадамоти вижа ва дигар сохторҳои дахлдорро таъкид кардем", - афзуд Раҳмон.
Раҳмон: Қазоқистон шарики боэътимоди стратегии Тоҷикистон аст
Вай ҳамчунин изҳори итминон кард, ки натиҷаи музокирот ҳамкориҳои дуҷонибаро дар тамоми самтҳои зикршуда боз ҳам амиқтар хоҳад кард.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 3-4 май дар Қазоқистон як сафари давлатӣ анҷом медиҳад.