Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарони ФИФА ва КФО рушди футбол дар Тоҷикистонро баррасӣ кард

Ҷонибҳо ба масоили такмили пойгоҳи зерсохтории футбол дар Тоҷикистон, дурнамои рушди футболи кӯдакону наврасон ва бонувон таваҷҷуҳи хосса зоҳир кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 мая — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол (ФИФА) Ҷованни Инфантин ва президенти Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) Салмон бин Иброҳим Ал-Халиф мулоқот кард.
Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар ин дидор дар Қасри миллат доир гардид.
“Дар рафти суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин сохторҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавии футбол муҳокима гардиданд”,- афзудааст манбаъ.
Ҳамзамон мавқеи футбол дар ҷомеаи Тоҷикистон ва оммавигардонии ин намуди машҳури варзиш дар кишвар, ҳамчунин, тадбирҳои аз ҷониби ҳукумат ва ФФТ бо мақсади рушди минбаъдаи футбол андешидашаванда мавриди гуфтугӯ қарор доштанд.
Ҷонибҳо аз сатҳ ва муҳтавои ҳамкории ФФТ бо ФИФА ва КФО изҳори қаноатмандӣ карда, ба масъалаҳои такмили минбаъдаи пойгоҳи зерсохтории футбол дар Тоҷикистон, дурнамои рушди футболи кўдакону наврасон ва бонувон, инчунин бозии футбол дар толор (футзал) таваҷҷуҳи хосса зоҳир кардаанд.
Президенти ФИФА бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд
Президенти Тоҷикистон ба созмонҳои ҷаҳониву минтақавӣ барои дастгирии пайвастаашон изҳори миннатдорӣ карда, гуфтааст, ки барои тақвияти ҳамкориҳо талоши бештар хоҳанд кард.
Ҳамзамон сарвари давлат ба намояндагони футболи ҷаҳонӣ аз дастовардҳои кишвар барои бунёти майдону толорҳои варзишӣ ва барномаҳои давлатӣ барои рушди соҳа гузориш додааст.