Сайди 3 пармашох бо квотаи ҳукумат: Мақомоти тоҷик мегӯянд, саршуморашон зиёд шудаст

Мақомот сабаби афзоиши саршумори бузи нодирро боло рафтани фарҳанги экологии мардум, пешгирии шикори ғайриқонунӣ ва чорабиниҳои биотехникӣ гуфтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Саршумори бузи нодири морхӯр ё пармашох дар ноҳияи Дарвози ВМКБ қариб ду маротиба афзоиш ёфтааст, иттилоъ дод мақомоти иҷроияи вилоят.
Манбаъ бо такя ба ҳисоби охирини Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, саршумори ин ҳайвони нодирро дар минтақаи Якчисори Дарвоз ва ҳудуди ба он наздики ноҳияи Шамсиддини Шоҳин беш аз 500 сарр арзёбӣ намуд.
Мақомоти ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Дарвоз, далели афзоиши саршуморро ба боло рафтани фарҳанги экологии мардум, пешгирии шикори ғайриқонунӣ ва сари вақт гузаронидани чорабиниҳои биотехникӣ рабт доданд.
"Бузи пармашохро бисёр вақт дар наздикии маҳалҳои аҳолнишин дидан мумкин аст, вале муносибати мардум ба ин сарвати бебаҳои табиӣ дигар шудааст ва омили инсонӣ ба насли он таҳдид надорад", - омадааст дар иттилоия.
Моҳигирӣ дар Тоҷикистон пурра мамнуъ шуд: Чаро ва то кай?
Бузи пармашох ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил шуда, шикори он бо квотаи махсуси ҳукумати ҷумҳурӣ бо теъдоди маҳдуд иҷозат дода мешавад. Ин шикор яке аз гаронтаринҳо буда, арзиши он садҳо ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бар асоси иттилои расмӣ, дар мавсими шикори моҳҳои январ-феврали соли равон шикорчиёни хориҷӣ 3 сар бузи пармашохро сайд кардаанд.
Дар Тоҷикистон ин намуди нодир дар нишебиҳои ҷанубу ғарбии қаторкӯҳи Дарвоз, қаторкӯҳи Ҳазратишоҳ, мамнуъгоҳи Даштиҷум, қисмати ҷанубу шарқии қаторкӯҳи Вахш ва кӯҳи Сарсарак дучор меоянд.
Шикори ғайриқонунии ҳайвонҳои нодир дар Тоҷикистон мамнуъ буда, барои даст задан ба ин кор маҳрумият аз озодӣ ва ё садҳо ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.