Бозии ҷанҷолӣ: Директори "Равшан" барои беадабӣ ҷазо гирифт

Кумитаи назоратӣ-интизомии Федератсияи футболи Тоҷикистон бозигарону масъулини тимҳоеро, ки ба беадабиҳо даст задаанд, муҷозот кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Яке аз бозиҳои ҷанҷолӣ, ки мавриди баррасии Кумитаи интизомии ФФТ қарор гирифт, сабқат байни дастаҳои лигаи олӣ "Эсхата" – "Равшан" буд.
Ба иттилои ФФТ, директори бошгоҳи "Равшан" Ғайраталӣ Мираҳмадов барои таҳқири шахсони расмӣ аз ҳаққи ширкат дар 5 бозӣ маҳрум ва 1 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуд.
Бозигари дастаи "Эсхата" Санҷар Рихсибоев барои нишон додани имову ишораҳои таҳқиромез, ки боиси сар задани муноқиша шудааст, аз 3 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 250 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.
Бозигари дастаи дастаи "Равшан" Фатҳулло Олимзода барои дашном додани ҳариф аз ҳаққи ширкат дар 2 бозӣ маҳрум ва ба пардохти 250 сомонӣ ҷарима муваззаф гардид.
Бонувони қаиқрони тоҷик дар чемпионати Осиё медал гирифтанд
Ёвари сармураббии тими ҷавонони "Равшан" Изатулло Абдулхайров барои таҳқири шахсони расмӣ аз 4 бозӣ маҳруму ба пардохти 1 ҳазор сомонӣ ҷарима уҳдадор гардид.
Дастаи "Эсхата" барои таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ дар варзишгоҳ ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима пардохт хоҳад кард.
Инчунин бозӣ байни дастаҳои лигаи олӣ - КМВА ва "Файзканд" мавриди баррасӣ қарор гирифта, бозигари тими артиш Абдулло Шарифов барои задани ҳариф аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.
Дар баробари тими "Регар-ТадАЗ" ва "Ҳосилот" низ барои риоя накардани талаботи сару либос ба маблағи 500 сомонигӣ ҷаримабандӣ шудаанд.