ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Рустам Хоҷаев, мақоми сармураббигии бошгоҳи "Хуҷанд" истеъфо дод. Ин дуввумин истеъфои мураббӣ аз даста аст.
Қаблан охири моҳи апрези соли 2022 низ вай мехост аз даста биравад, аммо раҳбарияти бошгоҳ аризаи истеъфоияшро қабул накарданд.
Ӯ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод, ки чаро тасмим гирифт, тарки даста кунад.
“Бале, мақоми сарбураббигии даста истеъфо додам ва ҳоло ба хона ба пойтахт рафтаистодаам”,- гуфт мутахассис.
Номбурда гуфт, ки чунин тасмимро пас аз бозии “Хуҷанд” бо “Файзканд” гирифт, ки бо натиҷаи мусовӣ 2:2 анҷом ёфт.
“Вақте натиҷаи дилхоҳ нашуд, тасмим гирифтам, ки биравам. Даста шояд бо мутахассиси дигар ба дастовардҳои нав ноил шавад”,- гуфт Хоҷаев.
Ба гуфти номбурда дар бораи тасмимаш раҳбарият низ хабар надошт ва танҳо пас аз эълон огоҳ шуданд.
“Онҳо гуфтанд, ки дар тасмимгирӣ саросема шудӣ, аммо ман барои худам қарор кардам, ки меравам”, - таъкид кард ӯ.
Вай афзуд, ки замони кор “Хуҷанд” барояш давраи хубу хотирмон буд ва бовар дорад, ки тим бо зарфияти доштааш пирӯзиҳо хоҳад дош.
Мураббии шинохта гуфт, ҳоло озод буда, пешниҳоди корие дарёфт накардааст.
Рустам Хоҷаев қаблан аз соли 2017 то 2018 "Хуҷанд"-ро роҳбарӣ карда, бо клуб Ҷоми Тоҷикистон-2017-ро ба даст овард ва дар чемпионати соли 2017 медали нуқра гирифт.
Дар мавсими 2020 Хоҷаев ба ҳайати мураббиёни Никола Лазаревич дохил шуд, пас аз рафтани вай иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ буд ва бо омадани Ҳаким Фузайлов ёвари ӯ шуд ва бо рафтани он ба раҳбарии даста баромад.
Ӯ 49 сол дошта, солҳои 2013 ва 2017 ба ҳайси мураббии беҳтарини Тоҷикистон шинохта шуда буд. Мавсуф дар гузашта сармуррабӣ дар дастаҳои "Хайр"-и Ваҳдат, "Вахш"-и Бохтар, "Барқчӣ" ва КМВА-и пойтахт буда, замоне дар тими миллӣ ёвари сармуррабӣ Ҳаким Фузайлов ҳам буд.
Бошгоҳи “Хуҷанд”-и баъди 6 даври чемпионати Тоҷикистон шаш имтиёз дошта, дар зинаи ҳафтуми мусобиқот ҷойгир аст.