ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Дар шаҳри Леваканд бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Маросими ифтитоҳ бо иштироки раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Ба иттилои дафтари матбуоти президент, бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Левакант аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар ошёнаи якум 3 ҳуҷраи корӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир карда шудааст.
Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм бошад, хонаҳои истиқоматии хизматӣ барои кормандони мақомот бунёд гардидааст, омадааст дар иттилоия.
Эмомалӣ Раҳмон бо шароити кор шинос шуда, кормандони мақомотро барои анҷоми хизмати софдилона ба нафъи давлату миллат даъват кардаст.
Инчунин президент ба чанде аз кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар шаҳри Левакант калиди хонаҳои истиқоматӣ тақдим кард.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба хотири сифатан хуб ба роҳ мондани фаъолияти хизматӣ ба ҳайати шахсии раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 8 автомашинаи махсуси хизматӣ тақдим намудаст.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон илова намуд, ки бо ифтитоҳи шуъбаи КДАМ дар шаҳри Левакант барои кормандон шароити мусоиди фаъолият ва зиндагӣ фароҳам оварда шуд.