ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Размикори рустабори тоҷик Шараф Давлатмуродов бар варзишгари амрикоӣ Энтони Адамс пирӯз шуд.
Муҳорибаи размикорон дар доираи мусобиқаи промоушении Bellator, ки дар ҷазираҳои Ҳавайӣ баргузор шуд, сурат гирифт.
Дар муҳориба Давлатмуродов бартарӣ дошт. Дар анҷоми муҳориба ба ӯ муяссар шуд, ки ҳарифро ба замин афтонад ва ба сараш чанд зарба занад, вале баъдан садои бонг садо дод ва мубориза қатъ шуд.
Бо қарори якдилонаи доварон дар натиҷаи се давр пирӯзӣ ба Давлатмуродов дода шуд.
Ҳамин тариқ, Давлатмуродов бохташро дар набардҳои қаблӣ ҷуброн кард: Ёдовар мешавем, ки дар муҳорибаи аввалаш дар Bellator аз размикори рус Анатолий Токов шикаст хӯрд.
Ҳоло Давлатмуродов, ки бо лақаби “Волкодав” маъруф аст, дар ҳисобаш 19 пирӯзӣ, 4 бохт ва 1 мусовӣ дорад.