ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Волии пешини Балх Атои Муҳамади Нур, мегуяд ки бо тавваҷуҳ ба вазъияти кунунӣ, ниёз аст то неруҳои зиди толибҳо канори ҳам қарор гиранд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Оқои Нур дар паём идонаи худ гуфтааст, ки бо Салоҳиддин Раббонӣ, Исмоилхон, Юнус Қонунӣ ва Аҳмад Масъуд як ҷо бар зиди толибҳо мубориза хоҳем кард.
Волии пешини Балх изофа кардааст ки пайравони хати фикрии Бурҳониддини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд барои муборизаи мунсаҷими алайҳи вазъияти ҳоким дар як сафи воҳиди қарор гирифтаанд.
Вай тасреҳ кардааст, ки миёни сарони ҷамъияти исломии мушкиле вуҷуд надорад ва ба зудӣ муждае ба мардум эълом хоҳанд кард.
Ба гуфта Атомуҳаммади Нур, ҳазфи сиёсӣ, қавмӣ ва забонӣ ба сурати густарда ва систематик аъмол мегардад ва барои поёни бахшидан ба ин вазъият мардуми лаҳзашуморӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Атомуҳаммади Нур гуфта буд, ки толибҳо даст ба куштори "мухолифони сиёсӣ" худ мезананд ва бо ин фиреб барои ба расмият шинохтани ҳукумати худ ва идомаи ҳимояти молии ғарбӣ заминасозӣ мекунанд.
Ӯ тавзеҳ надода ки ин "мухолифони сиёсии" толибҳо чӣ касоне буданд.
Волии пешини Балх муддаӣ шудааст, ки ин гурӯҳ муртакиб "қатлҳои мармузӣ" ба номи "юриш ба ДОИШ*" шуда ва бар пешонии қурбониён "муҳри ДОИШ*" задааст.
Оқои Нур, ки дар табъид ба сар мебарад, ҳамчунин "лобигарӣ" афрод ва гурӯҳҳое, ки ба гуфта ӯ ин иқдомоти толибонро "иҷрои мувофиқатномаи Давҳа унвон мекунанд" шармовар хондааст.
Волии пешини Балхи коркардҳои толибҳоро ваҳшиёна хонда ва аз ҷомеъаи байналмилалӣ, ба вижаи Созмони Милал хоста буд, ки нагузорад мардум қурбонии сиёсатҳои гурӯҳе шаванд, ки ба гуфта вай ба каромати инсонӣ эҳтироме қойил нест.