Толибҳо: Иҷозаи бакоргирӣ аз хоки Афғонистон дар баробаи Русияро намедиҳем

Ҳукумати феълии Афғонистон ба ҳайати мусалмонони Русия, ки ба Кобул рафтаанд, гуфтааст, ки иҷоза бакоргирӣ аз хоки Афғонистон дар баробари Русияро намедиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Мушовири ҳамкориҳои байналмилалии сандуқи пуштибони аз фарҳанг, илм ва омузиши исломӣ Муҳаммадбашир Албогачиев, ки дар Кобул бо ҳукумати ффеълии Афғонистон дидор кард гуфт, муовини нахусти вазири гурӯҳи толибҳо мавлави Абдулкабир, дар дидор бо мусулмонон Русия гуфтааст, ки Кобул иҷозаи бакоргирӣ аз хоки ин кишварро дар баробар Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ нахоҳад дод.
"Ҳайати мо дар Кобул бо мавлавии Абдолкабир, муовини нахусти вазири Афғонистон дар умури сиёсии гурӯҳи толибҳо дидор кард ва аз мо хост, ки ба раҳбарии Русия бигуем, ки гурӯҳи толибҳо иҷоза нахоҳад дод, ки аз хоки Афғонистон дар баробари Русия ё кишварҳои Осиёи марказӣ истифода шавад”, - таъкид кард Албогачиев.
Вай илова кард, ки Абдолкабир ваъда додааст, ки афғонистониҳо дар гапи худ истод ҳастанд ва ҳаргизи худро ба доллари амрикоӣ намефурӯшанд.
Ба гуфта вай, мақомдорони имрӯзаи Афғонистон бо таъкид бар инки акнун ин кишвар ба шиддати алоқаманд ба барқарории комили равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо Русия аст, хотирнишон кард, ки иртибототи тиҷории кунунӣ байни ду кишвар ба далел набуд як масири лоҷистикии мушаххаси печида шудааст.
Муҷоҳид: Аз хоки Афғонистон алайҳи ҳич кишваре истифода нахоҳад шуд
Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳам мақомоти олирутбаи толибҳо борҳо гуфта буданд, ки ҳудуди Афғонистон барои ҳамла ба дигар кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои ҳамсояаш истифода нахоҳад шуд.
Сухангӯи толибҳо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар вокуниш ба нигаронии мушовирони амнияти миллии бархе аз кишварҳо дар нишасти аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Ҳинд таъкид карда буд, ки аз хоки Афғонистон алайҳи ҳеҷ кишваре истифода нахоҳад шуд ва кишварҳо набояд нигаронӣ дар ин бора дошта бошанд.
Вай афзуд,тамомии ҷуғрофиёии Афғонистон таҳти кантроли неруҳои амниятӣ аст ва ба касе иҷозаи таҳдиди соири кишварҳо аз хоки Афғонистон эҷоди ноамнӣ дода намешавад.
Оқои Муҷоҳид бо ишора ба нигаронии бархе кишварҳо аз ҳузури ДОИШ* дар Афғонистон низ тасреҳ кард, ки ин гуруҳи террористӣ дар ҳоли нобӯд шудан аст.
“Бинобар ин ДОИШ*-ро таҳдиди хитоб кардан ва ё нигаронӣ аз ҳузури он дар Афғонистони нодуруст ва давр аз ҳақиқат аст”, - таъкид кард сухангӯи давлати толибҳо.