ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳайати мунтахаби кишварро, ки рӯзҳои 7-14 майи соли равон дар чемпионати ҷаҳон шаҳри Давҳаи Қатар иштирок мекунанд, эълон намуд.
Ба иттилои манбаъ, дар чемпионат варзишгароне иштирок карда метавонанд, ки дар радабандии ҷаҳонӣ то 3 апрел ба 100-гонаи аввал дохил гардидаанд.
Тибқи пешниҳоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон, дар вазни то 66 кило ҷумҳуриро дар чемпионат Эмомалӣ Нуралӣ ва Шаҳбоз Саидаброров намояндагӣ мекунанд.
Дар вазни то 73 кило - Беҳрӯз Хоҷазода, то 81кг - Шодмон Ризоев ва Сомон Маҳмадбеков, дар вазни то 90 кило - Комроншоҳ Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило Абубакри Акобир ва беш аз 100 кило Темур Раҳимов сабқат мекунанд.
Зикр гардидаст, ки хазинаи қаҳрамонии ҷаҳонии ҷудо дар соли равон 1 млн евроро ташкил медиҳад.
Дар нерӯсанҷиҳои инфиродӣ ба ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 26 ҳазор евро, ба барандагони медали нуқра 15 ҳазор ва барандагони медали биринҷӣ 8 ҳазор евро пешбинӣ гардидааст.
Дар мавриди ҷоизаи рақобатҳои даставӣ муқаррар шудаст, ки барои ҷои якум бо 90 ҳазор евро, барои ҷои дуюм бо 60 ҳазор евро ва барои ҷои сеюм бо 25 ҳазор евро қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Дар баробари ҷоизаю мукофотпулӣ ҷудокорон имкони гирифтани холҳо ва беҳтар намудани мавқеашон дар радабандии ҷаҳониро доранд.
Таъкид гардидаст, ки барои барандаҳои ҷойи аввал дар қаҳрамонӣ 2 ҳазор хол, барандагони ҷои дуюм 1400 ва ҷои сеюм 1 ҳазор хол муқаррар гардидааст.