ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Комиссияи Аврупо нақшаи амалӣ кардани лоиҳаҳоро дар Тоҷикистон эълон кард, ки ҳадафи он бунёди "ҷомеаи одилонатар ва демократӣ" гуфта мешавад, иттилоъ дод RT.
Ба иттилои манбаъ, барои татбиқи ин ташаббусҳо аз буҷаи Аврупо тақрибан 3 млн евро ҷудо карда мешавад.
Комиссияи аврупоӣ шарҳ додааст, ки вазифаи иҷрокунандагони лоиҳа, ки бояд сохторҳои ғайритиҷоратӣ бошанд, аз дастгирии созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон иборат аст.
Ҳамзамон, Комиссияи Аврупо пешниҳод мекунад, ки ба кор бо ҷавонон, мубориза бо маълумоти бардурӯғ ва мусоидат ба озодии ВАО таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шавад.
Ҳамин тариқ, интизор меравад, ки иҷрокунандагон бо мақсади таъмини озодии ВАО барои рӯзноманигорони ҳирфаӣ, нерӯҳои амниятӣ ва мақомоти судӣ тренингҳои такмили ихтисос гузаронанд.
Қаблан раиси собиқи дастгоҳи президенти Русия Сергей Иванов гуфта буд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мунтазам инқилобҳои ранга дар саросари ҷаҳонро таҳрик медиҳад ва айни замон махсусан дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фаъол аст.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз як сол аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, Амрико "ба истилоҳ, ба озмоиши нахустин ҷумҳурии собиқи шӯравӣ, заифтарин ҳалқаи он замон" - Тоҷикистон шурӯъ карда буд.