Аҳмад Масъуд хоҳони иттиҳоди мухолифони толибҳо шуд

Раҳбари ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфт, ҷараёнҳои мухолифи толибҳо ниёзе ба иттиҳод, ҳамгироӣ ва ҳамоҳангии ҳарчи бештар доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Дар паёми таслиятии Аҳмад Масуъд, ки дар саҳифаи твиттерии Ҷабҳаи муқовимат ба муносибати ҷон бохтани фармондиҳони ҷабҳа дар Панҷшер нашр шудааст, омадааст ки барои мубориза бо толибҳо ҷараёнҳои мухолифи бо ин гурӯҳ бояд бо ҳам муттаҳид шаванд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Раҳбарии ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар ҳоле, ки маротиби таслияти хешро ба хониводаҳои ин шаҳидон бузургвор, ҳамсингаронашон ва ҳама мардуми Афғонистон иброз медорад, бовар дорад, ки шаҳодати ин ёлони озода, мояи илҳом ва ангеза ба мардуми Афғонистон, ки аз зулму истибдоди толибҳо ба сутӯҳ омадаанд, хоҳад буд.
Ба гуфтаи Аҳмад Масъуд таъкид кард, ки сафҳои мубориза фишурда ар хоҳад шуд.
“Шаҳодати ин мубориз, ин қаҳрамони як бори дигари зарурати эҷоди ҳамоҳангӣ ва ваҳдати амал дар миёни тамоми неруҳои мухолифи толибҳоро барҷастаи сохт . Умедворем бо талошҳое, ки дар ин росто вуҷуд дорад ба зудии шоҳиди эҷоди як чатри бузург барои инсиҷому басиҷи ҳамаи неруҳои зиди толибҳо бошем”, - гуфт ӯ.
Вокуниши Аҳмад Масъуд ба баста шудани донишгоҳҳо ба рӯи духтарон
Раҳбари ҷабҳаи муқовимат боварӣ дорад, ки бо ваҳдату иттиҳоди ҳамаи зарфиятҳои мухолифи толибҳо Афғонистонро аз ишғоли ин гурӯҳи террористӣ наҷот хоҳанд дод.
“Аз худованди манон барои фармондеҳ Акмали Амир, фармондеҳ Аҳмади андаробӣ ва ёрони шаҳидшуда талаби омурзиш мекунем”, - таъкид кард Аҳмад Масъуд.
Вай илова кард, ки шаҳодати ин фармондеҳ, ҳолати сахти мардуми Афғонистон ва вазъи имрӯзаи кишвар бори дигар инро собити сохт ки тамоми ҷараёнҳои мухолифи толибҳо ниёзӣ ба иттиҳод, ҳамгаройӣ ва ҳамоҳангӣ ҳарчӣ бештар доранд.
“Бо иттиҳод инсиҷоми метавонем, ки ин душмани ситамкор ва хунхорро нобуд букунем ва интиқоми хӯни шаҳидони поки моро бигирем”, - илова кард раҳбари ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон.