Расонаӣ шудани "сир"-и Пентагон – сафедкунии шикасти "ҳамлаи ҷавобӣ”-и артиши Украина аст

Шикасти “ҳамлаи ҷавобӣ”-и овозашудаи артиши Украина, кӯмаки низомии “кишварҳои кумакрасон”-и Украинаро якбора кам хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik.Украинаи Ғарбӣ метавонад ба ихтиёри Лаҳистон гузарад.
Муаррифии амрикоии “зарбаи ҷавобӣ”-и қувваҳоии низомии Украина дуру дароз тӯл кашид. Русия ором ин сиркро мушоҳида намуда истодааст, ва барои “масхарабозон”-и ноӯҳдабаро “себҳои туршкардашуда” омода месозад.
Вашингтон – пинҳониву ошкоро – ба муваффақияти артиши украинӣ шубҳа дорад. Бинобар ин, бо миқёси калон расонаӣ шудани “маълумотҳои бисёр ҳам махфӣ” бо як тезии маъмулӣ аз ҷониби Пентагон ва хадамоти ҷосусии ИМА маъракаи бо мақсади сар додани дуди туман ташкилшуда мемонад. То бо баҳонаҳои сохта паси дуди ин туман “зарбаи ҷавобӣ”-ро бо “гирифтани Қрим”, ки барои Киев маргбор ва барои кишварҳои аъзои НАТО бисёр хатарнок аст, мафқуф гузоранд(ё худ умуман нагузаронанд).
Пентагон пас аз ихроҷи ҳуҷҷатҳои “ба таври ҷиддӣ махфӣ”-и хадамоти амнияти миллии ИМА қариб як ҳафта боз бо реҷаи шабонарӯзӣ зарари аз ин ҳисоб расидаро ҳисобу китоб дорад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Украина дар минтақаи Авдеевка ба таслими дастаҷамъӣ шурӯъ кард
Рӯзномаи Washington Post хабар дод, ки афроди расмии хориҷӣ, бахусус - иттифоқчиёни НАТО – аз ихроҷи маълумоти махфӣ хело дар ҳайратанд.

“Ба нақша гирифтани сарфи миллиардҳо доллар ба танккӯчаи сарбастаи ҷанг..метавонад ҷасорати тарафдорони Киевро дар Аврупо ва ИМА суст гардонад.” Пас аз расонаӣ шудани маълумотҳо, Киев дар бораи иҷборан таъғир додани нақшаҳояш вобаста ба “зарбаи ҷавобӣ” эълон дошт.

Ба ҳар ҳол, ягон чизи навро ба мо нафаҳмидем. .
Беш аз 12 хадамотҳои махсуси ҷосусии амрикоӣ ҳама вақт аз болои ҳам душманонашон ва ҳам иттифоқчиёнашон назорат мебаранд – баробар ва бе истисно.
Албатта, президенти украинӣ Владимир Зеленский “зери сарпӯш“ қарор дорад, зеро аллакай шабонарӯзӣ аз ҷониби хадамоти махсуси НАТО қаровулӣ карда мешавад.
Дигар лагандбардорони ИМА дар ҳама қитъаҳо низ таҳти назорат қарор доранд, лекин на то ин сатҳ ва ин таҷриба барои ягон нафар пӯшида ҳам нест. Давлати Исроили дар бастаҳои “Х-файл”номбаршуда аниқ ҳайрон намешавад.
Як навъ “фош намудан”-и нақшаҳои Миср бобати ба Русия интиқол додани 40 ҳазор гулӯлаҳои реактивӣ хандаовар аст, зеро ин миқдор гулӯлаҳо барои системаи реактивии оташи силсилавии гурӯҳҳои низомии ФР дар театри амалиёти ҷангии украинӣ тақрибан ба ду шабонарӯз мерасад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Амалиёти вижаи низомӣ: кумаки ИМА ва НАТО чун “ҳукми марг” барои Украина
Хотиррасон меннамоям: Русия дар сархати рӯихати таҳвилкунандагони яроқ ба Миср қарор дорад - наздик 34% аз ҳаҷми умумӣ. Мавқеъҳои дуюм ва сеюмро Италия ва Фаронса - бо нишондоди 19%-ӣ - ишғол менамоянд.
Баҳои амрикоии ошкоро (хушбинона) бобати қобилияти ба артиши Русия истодагарӣ карда тавонистани қувваҳои мусаллаҳи Украина то он дараҷа ба далелҳо ва ақли солим мухолифат дорад, чун шубҳаи “фош шуда”-и ИМА ба “зарбаҳои ҷавобӣ”-и низомиёни украинӣ – бозгашти интизорӣ ба воқеият аст.
“Норасоии шаклгирӣ ва таъминот” дар қувваҳҳои мусаллаҳи Украина, камбуди дар солҳои наздик бартарафнашавандаи воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ, техникаи зиреҳпӯш ва лавозимти ҷангии ғарбӣ, ҷалби ҳар чӣ бештари Пентагон ба амалиётҳои ҷангӣ дар Украина (маълумоти ҷосусӣ дар бораи нуқтаҳои фармондеҳӣ, анбори яроқу аслиҳа ва дигар нуқтаҳои асосии гурӯҳҳои низомии русиягӣ) ба ҳамагон маълум аст.

Тумани ҷанг

Тамошои дилхушкунандаи иттилоотӣ бо "X-файлҳо" басо бо тарзи амрикоӣ ташкил карда шудааст, ва шикори ҷолиби февралии тайёраҳои қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА аз киштиҳои аҳли сайёраи бегонагонро дар болои кӯли Гурон (кӯли байни Амрико ва Канада)ро мемонад. Дар фарқ аз украиниҳо, аз сайёраи ғайр омадагон ҳоло зарар надидаанд
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Пригожин гуфт, дар интихоботи президентии соли 2024 Укриана иштирок хоҳад кард
Дар ҳарду ҳолат ҳам диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ кафолатнок аст, ва мақсадҳои асосӣ бошанд – норавшананд.
Андеша дорам, мақсади тӯфони иттилоотии апрелии ИМА – ин сохтани “тумани ҷанг” аст, дар паси кадоме аз нав гурӯҳбандии қувваҳо ва ё худ дигар намудани стратегия сурат мегирад.
Эҳтимол, бо паҳн кардани сирҳои махфии дурӯғини Пентагон, агентии амнияти миллӣ ва хадамоти марказии ҷосусӣ амрикоиҳо мекӯшанд зарбаи ҷавобии барои қувваҳои мусаллаҳи Украина омоданашудаву худкушона ва барои НАТО хатарнокро “бекор” намоянд.
Ҳуҷҷатҳои "ошкор кардашуда" маълумотҳоро дар бораи аз ҷониби ИМА ва иттифоқчиёнаш аз НАТО ташкил намудани 12 бригадаи украинӣ, ки аз ин ҳисоб даҳтоаш (сафарбаршудагонро таълим медиҳанд ва бо яроқ таъмин менамоянд) - бевосита аз ҷониби амрикоиҳо, доранд.
Ҳамаи 12 бригада (наздик 60 ҳазор ҷанговарон, 250 танк ва 350 мошини хушкигарди ҷангӣ ва зиреҳпӯши ҷангӣ)-ро то санаи 30 апрел ба театри амалиёти ҷангии украинӣ мегузаронанд, ва ин дастгирӣ барои муваффақияти “зарбаи ҷавобӣ” нокифоя аст.
Силоҳҳои ба Украина додашуда аллакай дар Аврупову Африқо пайдо шудаанд
Сарбозони украинӣ ҳам аз ҷиҳати миқдор ва ҳам аз ҷиҳати сифат ба рахна задан аз дилхоҳ самти таъҷилӣ омода карда нашудаанд. Дер боз маҷмӯъҳои низомии ҳарбӣ – ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоиро надоранд.

Сираш дар чӣ бошад?

Роҳбари Петагон Ллойд Остин ҳанӯз моҳи феврал дар мусоҳибааш бо CNN дар бораи аз ҷониби ИМА омода намудани якчанд бригадаҳои мотордори қувваҳои низомии Украина, ки қобилияти "чапғалатдиҳӣ ва рахна намудани хати муҳофизатии русиягиро” доранд, нақл карда буд.
Дар моҳи апрел лаҳҷа дигар шуд. Мумкин, Вашингтон пеш аз партофтани лоиҳаи украинӣ ҷомеаи ҷаҳониро омода намуда истодааст: ”Бинед, ҳар чӣ тавонистем, кардем, акнун мо даст мешӯем”.
Бо кишти демократиияи ғарбӣ дар Афғонистон низ ҳамин гуна буд. Ба масхарабози асосии украинӣ вақти он расидааст, ки умедашро канад - амрикоиҳо омода нестанд барои Украина ҷон диҳанд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Washington Post: Амрико ба муваффақияти "зиддиҳамла"-и Украина бовар надорад
Хуллас, дар Ғарб ба режими укранӣ имконияти охирин доданд. Дар ҳолати шикасти “зарбаи ҷавобӣ”-и эълоншудаи қувваҳои низомии Украина кӯмаки ҷангии “кишварҳои донор” ба якборагӣ кам мегардад, ҳамаи Украинаи Ғарбӣ бошад метавонад ба Лаҳистон гузарад - дар рафти мулоқоти ба қарибӣ доштаи президентҳо Владимир Зеленский и Анҷей Дуда дар ин бора қарор карданд.
Вазъият чунин аст, ки Вашингтон аллакай пардохти пули қарз ва техникаи ҳарбиашро талаб дорад, қарзҳои режими киевӣ бошанд ба беш аз 150 млрд доллар расидаанд. Лаҳистон, дар навбати худ, ният дорад маблағҳои ҳамаи давлатҳо барои барқарор намудани Украина додаро ҷамъ намояд.
“Бо пешакӣ донистани он, ки зарбаи ҷавобии эълоншуда маҳкуми шикаст аст, ва бо донистани он, ки фишори ИМА зиёдтар мешавад, Зеленский ягона қарори дуруст қабул кард – ин ҳам бошад бозгашт ба мавзӯъи Украинаи Ғарбӣ”, - таъкид кард нашрияи Niezależny Dziennik Polityczny.
Қайд менамоям: сухан дар бораи фурӯхтани Ватан меравад, на дар бораи набудани сарҳадҳо байни Украина ва Лаҳистон.
Саволи аз ҳама аҷоиб: даҳҳо ҳуҷҷатҳои “комилан махфӣ”-и ҳарбиву ҷосусии ИМА, ки ба онҳо фақат шахсон бо сатҳи баланди дастрасӣ доранду дар ҳукумат кор мекунанд, чӣ гуна ба Шабакаҳо роҳ ёфтанд?
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ҳамлаи маргбори ҳавопаймоҳои Русия ва системаи "Солнсепёк" ба мавқеъҳои Украина
“Қасри сафед” кӯшиши “муайян намудани манбаи қоидавайронкунии аз ҳама калони маълумотҳои ҷосусиро дар даҳсола” дорад.
“Мо намедонем, паси ин амал кӣ истодааст. Мо намедонем, ҳадаф чист. Ва...мо намедонем, он ҷо боз чӣ буда метавонад”,- изҳор дошт намояндаи расмии Департаменти давлатии ИМА Ҷон Кирби.
Ба Вашингтон зарур аст, ки ягон чизи боварибахштар ва муҳимтар аз ҳуҷуми фиристодагони сайёраи дигар ба кӯли Гуронро пешниҳод созад.