ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik, Наталя Дембинская. Амрикоиҳо дурудароз кӯшиш карданд саудиҳоро ба гап дароранд, ки бештар нафт истихроҷ намоянд - ин амал, ба андешаи амрикоиҳо, бояд арзиши нафтро дар бозори ҷаҳонӣ поён мефароварду ба заифшавии буҷаи Русия оварда мерасонид.
Аммо кишварҳои аъзои ОПЕК+ дигар қарор қабул намуданд. Акнун нархи нафти навъи Brent боло ҷаҳид ва ба сарҳади 100 доллар барои як баррел (як баррел баробари 158,987 литр) наздик шуда истодааст ва дар бозор норасоии ин маҳсулотро пешгӯӣ доранд.
Дар Вашингтон бошад ба шиддатёбии беқурбшавии пул ва ба болошавии нархи сӯзишворӣ омодагӣ мебинанд, ки дар арафаи интихоботи президентӣ умуман бемаҳал аст. Чунин ҳодисаи ногаҳониро аз Риёз дар Вашингтон яқин чашмдор набуданд.
Ноогоҳии билкулл
Бо далели пешгӯинашаванда будани бозори маҳсулоти хом, якчанд кишвари ОПЕК+ истихроҷи нафтро кам намуданд. Азҷумла, Маскав ва Риёз – 500 ҳазор бареллӣ ҳамарӯза. Камшавии истихроҷро, ҳамчунин, Ироқ, АМА, Қувайт, Қазоқистон, Алҷазоир, Уммон ва Габон дар ҳаҷми мумумии 1,66 миллион баррел дар як шабонарӯз эълон доштанд.
“Ба сифати чораҳои масъулиятноку эҳтиётӣ Русия қарори ихтиёран кам намудани нафтро ба андозаи 500 ҳазор баррел дар ҳар шабонарӯз аз меъёри умумии истихроҷ, ки ки сарчашмаҳои мустақил муайян намуаанд, бо мӯҳлати то охири соли 2023 амалӣ намуда истодааст”-хабар дод ҷониши сарвазири Русия Александр Новак.
Барои бозор ин ғайричашмдошт шуд: чунин андеша доштанд, ки иттиҳодияи ОПЕК+ ҳаҷми истеҳсолро дар сатҳи пешина нигоҳ медорад. Нозиронро он чиз дар шигифт гузошт, ки қарорро аз рӯи таҳлили ҷадвали талаботу пешниҳоди бозор неву ғайринақшавӣ қабул намуданд.
Дар пасманзари ин қарор нархгузории (котировка) нафт якбора боло ҷаҳид. Нафти навъи Brent дар як сол бо суръати тез боло рафт ва то 87 доллар ба як баррел расид.
Норасоии минбаъда
Ҳамин гуна, фақат Русия ва АМА иловатан дар бозор дар як шабонарӯз миллион баррел нафтро кам мекунанд. Ин дар ҳоле, ки зиёдшавии талабот ба “тиллои сиёҳ”-ро пас аз бо тамоми иқтидор ба кор даромадани иқтисодиёти Чин баъди маҳдудиятҳо вобаста ба ковид пешгӯӣ доранд.
Мувофиқи ҳисобу китоби Wood Mackenzie, талаботи ҷаҳонӣ ба нафт дар ҳаҷми 2,6 миллион баррел дар як шабонарӯз меафзояд, ки аз ин ҳисоб як миллион баррелашро Чин мегирад.
Дар пайвастагӣ бо камшавии истихроҷ ба андозаи ду миллиона баррел аз моҳи ноябри соли гузашта, қарори ОПЕК+ ба се фоизи талаботи ҷаҳонӣ таъсиррасон аст. Дар натиҷа, камшавӣ дар як шабонарӯз дар мачмӯъ 3,66 миллион баррелро ташкил медиҳад.
Ин тарзи корбарии ОПЕК+ ба камбуди хело зиёди нафт дар нимсолаи дуюм, ба шиддат дар бозор ва ба гароншавии нархи маҳсулоти хом оварда мерасонад, бовар доранд таҳлилгарон.
Тибқи пешгӯии яке аз калонтарин банкҳои ҷаҳон Goldman Sachs, то моҳи декабр арзиши навъи нафти Баҳри шимолии Brent то ба 95 доллар ба як баррел мерасад.
“ОПЕК+ қудрати басо устувори нархгузорӣ дорад. Якбора кам намудани ҳаҷми истеҳсолот ба тарзи нави корбарии онҳо – ташаббускориву пешдастӣ намудан – мувофиқат менамояд,” –шарҳ медиҳанд таҳлилгарони банк.
"ОПЕК+ пеш аз ҳама мехоҳад барои кишварҳои истеҳсолкунанда нархҳоро қобили қабул нигоҳ дорад. Бинобар ин, барои якчанд моҳи наздик сатҳи 85-90 доллар - ин воқеист,” - қайд менамояд Олег Журавлев - директори кулли ширкати таҳиякунандаи технологияҳо барои соҳаи нафту газ "ВОРМХОЛС Внедрение".
Беқурбшавӣ ва бензин
Дар ИМА басо норозиянд. “Қарори ОПЕК+ боиси таассуф аст. Дар масъалаи нархгузорӣ бошад ҳоло ман дилпур нестам,” - баён дошт вазири молияи ИМА Ҷанет Йеллен.
Месазад, ки таассуф хурад. Дар кишварҳои Ғарб ва дар он тарафи уқёнус беқурбшавии пул ва қиматшавии бензин торафт суръати тоза мегирад.
Аз рӯи ҳисобу китоби Clearview Energy Partners ҳар галлони сӯзишворӣ (як галлон баробари 3,78 литр) дар ИМА ба 26 сент қимат мешавад. Ва дар тобистон арзиши як галлон бензин чор доллар мешавад.
Соли гузашта беқурбшавии пул дар ИМА то 9,1 фоиз афзуда буд – ин нишондихандаи баландтарин дар 41 соли охир аст. Дар соли 2023 ин раванд сусттар шуд, аммо то сатхи максаднок чун пештара дур аст.
Таҳлилгарон кушодашавии минбаъдаи морпечи беқурбшвии пулро пешгӯӣ доранд. Истисно нест, ки Кохи сафед боз аз захираи стратегии нафтиаш истифода мебарад, ки он айни замон 382 миллион баррелро ташкил медиҳад. Аммо, чуноне таҷриба нишон медиҳад, бо роҳи ба бозор партофтани қисми захираҳо поён овардани нархгузорӣ ба Вашингтон ҳоло даст надодааст.
“Нафти навъи Brent метавонад то нишондиҳандаи психологии 100 доллар ба баррел ҳам боло равад, ки албатта ба сатҳи бе ин ҳам баланди беқурбшавии пул низ таъсир мерасонад. Эҳтимол, иқтисодиёти амрикоиро пойкӯбӣ дар як ҷой, беқуршавии пул, афзуншавии сатҳи бекорӣ ва болоравии нархҳо дар пеш аст,”- андеша дорад Евгений Шатов - шарики ширкати сармоягузори Capital Lab.
Ҳамаи ин ба нафъи ҳизби демократи ИМА нест - боз дар арафаи интихоботи президентии тирамоҳи соли 2024.
“Бензин ва сӯзишвории дизелӣ ҳам дар ИМА ва ҳам дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо қимат мешаванд. Бӯҳрони энергетикӣ - беқурбшавиро тақвият дода - бо қувваи нав аланга мегирад. Ана баъд сенарияи анъанавӣ: эътирозҳои оммавӣ, корпартоӣ, кашмакашҳои сиёсӣ,”- андешаронӣ дорад иқтисодшинос Леонид Хазанов.
Гапнодароӣ карданд
Дар Арабистони Саудӣ қайд намуданд, ки қарори ОПЕК+ ба таври истисно ба фаҳмиши иқтисодӣ асоснок карда шудааст. Аммо пайдост, ки аъзоёни ОПЕК+ бо назардошти манфиатҳои худ амал менамоянд, ки воқеан на ҳама вақт вобаста ба омилҳои бозор муайян карда мешаванд. Ба Русия акнун пур намудани буҷа хело осон гардид.
Қарори ғайричашмдошти Арабистони Саудӣ ба сабқати боз ҳам беқурбшавии пул роҳ мекушояд. Амалишавии пешгӯии баргашти 100 доллар барои як баррел нафт – аллакай дур наметобад. Дар бозор (биржа) нархҳо то ба 84 доллар барои як баррели нафт боло рафтаанд. Банки Goldman Sachs пешгӯии худро барои охири сол, ки 95 доллар буд, аз нав дида баромад. Дигар таҳлилгарон бошанд умуман аллакай дар бораи аломатҳои серақама ҳарф мезананд,”- қайд менамояд агентии иттилоотии молиявии амрикоии Bloomberg.
Ин ҳама, албатта, табъи дили Вашингтон нест. Амрикоиҳо аллакай на як бору ду бор кӯшиданд ба саудиҳо ақл шаванду ба гап дароранд.
Чуноне, ки Шатов ёдовар мешавад, ИМА ва Арабистони Саудӣ созишномаи савдову сармоягузории чаҳорчӯбавӣ ба имзо расонидаанд. Аз рӯи анъана, Эр-Риёд – иттифоқчии асосии Вашингтон оид ба Шарқи наздик, яке аз пурқувваттарин бозорҳои содиротии минтақа ва ҳам қарздиҳандаи калон ҳам мебошад.
Ба ин нигоҳ накарда, истеҳсолкунандагони “тиллои сиёҳ” дар Шарқи наздик ошкоро пуштибони мавқеи Русия гаштанд. Онҳо дигар фикри амрикоиҳоро ба назар намегиранд, менавишад рӯзномаи молиявии ҷопонии Nihon Keizai, - ва бо Маскав ба хотири нигоҳ доштани устувориву субот дар бозор ҳамкорӣ доранд.
Муносибатҳои Риёз ва Вашингтон бошанд сард шуданд. Моҳи октябри соли 2022 Ҷо Байден аллакай саудиҳо ва Русияро ба баландшавии нархҳои бензин дар ИМА гунаҳкор намуда буд. Шоҳзодаи саудӣ Муҳаммад ибни Салмонро барои бастани шартномаи махфӣ бобати зиёд намудани ҳаҷми истихроҷ ба гап гирифтанӣ буд. Нақшааш ноком шуд, ва истихроҷи нафт бошад дар ҳар шабонарӯз ба ду миллион баррел кам гардид.
Акнун саудиҳо бори дигар ба амрикоиҳо нишон доданд: онҳо сиёсати худро доранд – ва ба ин бояд тан дод.
"Онро дида, ки ИМА ва Иттиҳоди Аврупо нисбат ба Русия чӣ гуна рафтор доранд, дар Шарқи наздик қарор доданд бозии худро баранд. Аз як тараф, содироткунандагони арабӣ манфиатдоранд холигии бар асари тангкунии ҳарифони русиягиашон ба миён омадаро пур кунанд, аз тарафи дигар – бо нархи арзон содирот намудани “тиллои сиёҳ” барои онҳо маъно надорад," - қайд менамояд Хазанов.
Мавқеи худро дар бозори аврупоӣ пурзӯр намуда, ҳамкорони Русия аз Шарқи наздик, аз афташ, маслиҳат карданд, ки Маскавро дастгирӣ намоянду ба поёнравии нархгузорӣ роҳ надиҳанд, мегӯяд дар идомаи суханаш таҳлилгар. Ва бо ин моҳиронаву тавонмандона нақш бозидаву пешпо доданд, ки аз ин пас дар Вашингтон ва Брюссел боз дурудароз дар ҳолати шокӣ хоҳанд буд.