ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Бар асоси гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ, бештари ҷамъият ҳудуди 40 миллионнафарии Афғонистон бо фақру гуруснагии шадид рӯ ба рӯ ҳастанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей”.
Созмони Милал чанде пеш эълом кард, наметавон чунин буҳронеро бидуни басиҷи комили ҷомеъаи байналмилалӣ маҳор кард.
Пас аз тасаллути толибҳо ва мунҷамид шудани миллиардҳо доллар аз дороиҳои мардуми Афғонистон назди банкҳои Амрико, фақру гуруснагӣ ба гунаи бесобиқа дар Афғонистон фарогир шудааст.
Ба иттилои манбаъ, шӯрои паноҳандагони Дания, созмонҳои муҳофизат аз кӯдакон, ҳайати паноҳндагони Норвегия ва " Ворлд вижн" ҳушдор доданд: “тасмими ахири ҳайати ҳокимаи Афғонистон дар бораи манъи кори занон кумакҳои наҷотбахшро аз мардум дареғ мекунад”.
Ин созмонҳо аз мақомоти ҳукумати Афғонистони хостори лағви мамнуъияти кори занон дар муассисоти хайрия ва Созмон Милал шуданд.
Дафтари намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон низ ҳафтаи ҷорӣ эълом кард ба ҳукумати Афғонистон ёдоварӣ мекунад, ки ниҳодҳои СММ бидуни кормандони зан наметавонанд фаъолият кунанд ва ба кумакрасонии ҳаётии худ, ки сабаби наҷоти ҷони афрод мешавад идома диҳанд.