ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард, ки пули миллӣ дар ҳоли тақвиятёбист.
Тибқи нишондоди ин ниҳод ҳоло 1000 рубл 137 сомонӣ арзиш дошта, нисбат ба як рӯзи қаблӣ як сомонӣ поин рафтааст.
Асъори русӣ, сар аз оғози ҳафта устувориро аз даст дода, ҳамарӯза то як сомонӣ коҳиш меёбад.
Дар ҳамин ҳол доллари амрикоӣ бомурур майли гароншавӣ дорад.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як доллар 10.9139 сомонӣ медиҳанд. Қаблан як доллар ба 10.9138 сомонӣ баробар буд.
Вазъи пули аврупоӣ низ тайи чанд муддат дар ҳоли муътадил боло мерафт, аммо ҳоло каме коҳиш ёфтааст. Ҳамакнун дар кишвар бар ивази як евро 11.9638 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл бар ивази як евро 11.9669 сомонӣ медоданд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА аз 10.9139 то 10.9400 сомонӣ, 1 евро аз 11.9638 то 12.2000 сомонӣ, 1 рубли русӣ аз 137 то 140 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.