Данғара нақшаи даъвати наваскаронро иҷро кард

Таъкид шудааст, ки ҷавонон аз шаҳраку ҷамоатҳои ноҳияи Данғара ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, дар фазои тантанавӣ ба артиш гусел гардиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Маъракаи гусели наваскарон аз Данғара дар саҳни Комиссариати ҳарбии ноҳия бо иштироки мақомдорону волидони ҷавонон баргузор шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати ноҳияи Данғара иттилоъ дода, афзуд, ки аллакай ноҳия нақшаи даъватро иҷро намуд.
Таъкид шуд, ки ҷавонон барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ихтиёран ҳозир гардида, дар фазои тантанавӣ гуселонида шуданд.
"Ҷавонони мо бояд ҳимоятгари манфиатҳои миллӣ бошанд, зеро ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар фарди ватандӯст мебошад", - омадааст дар иттилоия.
Ду ноҳияи Хатлон нақшаи даъватро иҷро карданд
Зикр гардид, ки дар маросим сарбозони оянда ва волидони онҳо бо самимият аз муҳимияти хидмати ҳарбӣ ва ҳифзи Ватан сухан кардаанд.
Аз ҷумла гуфта шудааст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ тамоми шароит баҳри хизмати ҳамаҷонибаи сарбозон ва афсарон дар қисмҳои низомӣ фароҳам оварда шудааст.
Бояд ҳар ҷавони ватандӯст баҳри иҷрои саривақтии қарзи шаҳрвандии хеш бе чуну чаро ба артиш ҳозир гардад, таъкид шудааст дар ҳамоиш.
Маврид ба зикр аст, ки дар баробари Данғара аз аввалинҳо шуда, дар ҷануби Тоҷикистон ноҳияҳои Фархор ва Вахш нақшаи даъватро иҷро намуданд.
Ба иттилои манбаъ, ба ин муносибат бо иштироки аъзои комиссияи даъватӣ, фаъолон, даъватшавандагон ва волидони онҳо чорабинии "Рӯзи даъватшаванда" баргузор гардид.