ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Дар шаҳри Бохтар ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ барои мардуми маҳаллӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Аввалин чунин иқдом аллакай дар маркази маъмурии вилояти Хатлон баргузор гардидааст.
Аз он раиси вилоят Давлаталӣ Саид дидан намуда, ба масъулин дастур додааст, ки ҳар рӯзи шанбе ярмаркаҳоро мунтазам ташкил намоянд, то сокинон молҳои заруриро бо нархи дастрас харидорӣ намоянд.
Ба аҳолӣ пиёз, картошка, равған, орд, тухм, гӯшт барин маҳсулоти озуқавӣ пешкаш карда шуд.
Ҳамаи молҳо дар худи маҳал истеҳсол карда шуда, нисбат ба молҳои бозор қариб 15—20% арзонтаранд.
Ҳамин тариқ, мақомот ба болоравии чашмраси қимати бархе аз маводи ғизоӣ дар бозорҳои маҳаллӣ вокуниш нишон додан мехоҳанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки аз оғози моҳи Рамазон дар вилояти Хатлон шир ду баробар гарон шудааст. Як литри ин маҳсулоти маъруф дар бозорҳои шаҳри Бохтар аз 4 то 8 сомонӣ қимат шудааст.
Ҳамзамон ба гуфти сокинон дар ин шаҳр, нархи як кило қаламфури булғорӣ 80-100 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Таъкид шудааст, ки тоҷирон бо истифода аз Рамазон анвоъи дигар маҳсулотро низ гарон карданд.