Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Коршинос: Ғарб малакаи кор дар фазои иттилоотиро аз даст додаст - видео

Коршинос аз камсамарии таблиғоти зиддирусиягии расонаҳои аршади ғарбӣ гуфта, таъкид намуд, ки аксарият дар ҷаҳон аллакай ба он таваҷҷуҳ надоранд
Sputnik
Таблиғоти кишварҳои ғарбӣ аз аз доираи хирад берун мондааст, изҳор дошт рӯзноманигор ва муовини раиси Комиссияи Палатаи ҷамъиятии Федератсияи Русия дар бахши рушди ҷомеаи иттилоотӣ, васоити ахбори омма ва иртиботот Александр Малкевич дар мусоҳиба бо Sputnik.
Ба гуфтаи Малкевич, ҷанги иттилоотие, ки кишварҳои ғарбӣ пеш гирифтаанд, аз ҳад зиёд зӯргӯёна шудааст.
Вай изҳори боварӣ намуд, ки дар бархӯрдҳои иттилоотӣ Ғарб аз шевае кор гирифтааст, ки дар дурнамо камсамар мебошад ва бозии дарозмуддатро фаромӯш кардааст.
Хоҳари Ким Чен Ин: Зеленский Украинаро ба нобудӣ мебарад
Ҷанги иттилоотии Ғарб алайҳи Русия танҳо дар худи кишварҳои Ғарб самар дод, аз се ду ҳиссаи боқимондаи башарият ба таблиғоти таҷовузкоронаи ғарбӣ торафт камтар таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд, илова намуд коршинос.
Чаро кӯшишҳои мақомоти ИМА барои назорат кардани TikTok ҳатто дар байни тамошобинони амрикоӣ мавриди писанд қарор гирифтааст?
Чӣ гуна Русия ва Чин метавонанд аз нокомиҳои мошини расонаҳои ғарбӣ ба манфиати худ истифода кунанд?
Чӣ тавр ва чаро давлат бояд тозагии фазои иттилоотиро бодиққат назорат кунад? Посухи Малкевич ба ин ва дигар суолҳоро метавон аз навори суҳбат дарёфт кард.