Ҷудокорони тоҷик аз Туркия бе нишон бармегарданд

Ҳамаи 5 намояндаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии Antalya Grand Slam - 2023 дар вазнҳои гуногун натавонистанд ба сабқатҳо барои ҷойҳои ифтихорӣ расанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Охирон умеди Тоҷикистон дар мусобиқаи ҷудои Анталия, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 90 кило низ натавонист нишон ба даст орад.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, Маҷидов дар аввалин рақобаташ дар Antalya Grand Slam - 2023 аз намояндаи Олмон, Мартин Матиас шикаст хӯрд.
Ҳамин тариқ бо ҷамъбасти рӯзи сеюми мусобиқа, паҳлавонони тоҷик натавонистанд дар мусобиқаи Туркия ба гирифтани медал даст ёбанд.
Рӯзи 1 апрел Беҳрӯз Хоҷазода ва Шодмон Ризоев, ки Тоҷикистонро дар мусобиқаи Antalya Grand Slam 2023 намояндагӣ намуданд, ба ягон натиҷа нарасиданд.
Шикасти Ҷебов баъди ду пирӯзӣ дар Туркия
Ризоев зери вазни то 81 кг дар даври аввал аз рақиби португалии худ шикаст хӯрд. Дар ин нерӯсанҷӣ ҷудокори тоҷик фаъол набуд ва бинобар ин сабаб 3 огоҳӣ аз ҷониби довар гирифта, рақобатро ба ҳарифаш бохт.
Хоҷазода дар даври аввал намояндаи Финляндияро шикаст дода, дар даври дуюм низ ҷудокор аз Нидерландро мағлуб кард. Аммо дар даври сеюм Беҳрӯз аз намояндаи олмонӣ бо як имтиёзи вазарӣ мағлуб шуда, аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.
Дар рӯзи аввали мусобиқа бошад, ду намояндаи дигари Тоҷикистон - Обид Ҷебов ва Муҳаммадсолеҳ Қувватов шикаст хӯрда буданд.
Ёдовар мешавем, ки ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ - ғолибон дар ҳамаи вазнҳо 5 ҳазор евро, барандагони медали нуқра 3 ҳазор евро ва барандагони медали биринҷӣ 1,5 ҳазор евроро соҳиб мешаванд.