ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Беҳрӯз Хоҷазода ва Шодмон Ризоев, ки Тоҷикистонро дар рӯзи дуввуми мусобиқаи Antalya Grand Slam 2023 намояндагӣ намуданд, ба ягон натиҷа нарасиданд.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мегӯяд, ҳар ду ҷудокор шикаст хӯрданд ва аз идомаи иштирок дар мусобиқа маҳрум монданд.
Манбаъ меафзояд, Шодмон Ризоев зери вазни то 81 кг дар даври аввал аз рақиби португалии худ шикаст хӯрд. Дар ин нерӯсанҷӣ ҷудокори тоҷик фаъол набуд ва бинобар ин сабаб 3 огоҳӣ аз ҷониби довар гирифта, рақобатро ба ҳарифаш бохт.
Зимнан, Беҳрӯз Хоҷазода зери вазни то 73 кг нисбат ба Шодмон рақобатҳоро беҳтар оғоз кард. Ӯ дар даври аввал намояндаи Финляндияро шикаст дода, дар даври дуюм низ ҷудокор аз Нидерландро мағлуб кард.
Аммо дар даври сеюм Беҳрӯз муқобили намояндаи олмонӣ бо як имтиёзи вазарӣ мағлуб шуда, аз идомаи мусобиқа бенасиб монд. Ҳамин тавр, рӯзи дуюми мусобиқа барои ҷудокорони тоҷик бидуни медал анҷом ёфт. Дар рӯзи якуми мусобиқа ҳам, ҷудокорони тоҷик натиҷаи хуб нишон дода натавонистанд.
Дар охирин рӯзи мусобиқаи мазкур Тоҷикистонро Ҷаҳонгир Маҷидов зери вазни то 90 кг муаррифӣ мекунад. Рақиби Маҷидов дар даври аввал ҷудокори олмнӣ аст.
Ёдовар мешавем, ки ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ - ғолибон дар ҳамаи вазнҳо 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва барандагони медали биринҷӣ 1500 евро қадрдонӣ мешаванд.