Шуморе аз сокинони Суғд дар моҳи шарифи Рамазон ба омода ва тақсими ройгони оши палав машғул буда иҷрои ин корро як амали хайр дар моҳи шарифи Рамазон меҳисобанд.
Тавре мушоҳида мешавад, ҳоло ин амали нек аз сӯи ашхоси савобҷӯй дар бисёре аз деҳоти Суғд ба иҷро расонида мешавад.
Дар шароити гаронии нарху навои маҳсулот дар бозор баъзеҳо ин корро воқеан як кори хайр барои эҳтиёҷмандон арзёбӣ мекунанд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон саҳарӣ ба чанде аз нуқтаҳои “палави Рамазонӣ” ба чанде аз деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафт ва ҷараёни ин амали савобҷӯёнаро наворбардорӣ кард.
Шуҳратҷон Раҳимшейхов, раиси маҳаллаи Сафедтеппа дар ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегуяд, ин анъанаи нек аз гузаштагон боқӣ монда ва то имрӯз пойбарҷост. Ӯ зикр кард, ки харҷи таъомро мардуми маҳалла дастаҷамъона ба зима гирифтаанд.
“Ҳар саҳар дар ду дег 50 кило ош пухта ва ройгон тақсим карда мешавад. Мардум саҳарӣ соатҳои 2:30 меоянд ва то соати сеи шаб бо навбат барои худ ва хонаводаашон ош гирифта мераванд” – гуфт, Раҳимшейхов.
Раиси маҳалла аз саҳми ошпазҳои деҳа ёдовар шуд, ки дар иҷрои чунин кори хайр онҳо бо дасту дили соф ҳар шом ройгон хизмат мерасонанд.
Сокинони ин маҳаллаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегуянд, бо мадади саховатмандон ин кори хайр чанд сол ба ин тараф сурат мегирад.
Набиҷон Шодиев, як фаъоли ин маҳалла дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон мегуяд, сарҷамъона тановул кардани таом сари як дастурхон аз фазилатҳои моҳи Рамазон аст.
“Гузаштагони мо ҳамеша сарҷамъона тановул кардани таомро дар саҳарӣ таъкид мекарданд. Ҳоло ҳама сарҷамъ шуда аз таъоми як дег баҳравар мешаванд. Ин кор барои занҳо ҳам осонӣ меорад, зеро ҳар якеи онҳо саҳарӣ ба пухтани таъомро истисно мегардонад” – зикр кард, Шодиев.
Ин гуна иқдомҳои Рамазонӣ феълан дар аксар маҳалла ва деҳоти Суғд идома дорад. Сокинон мегуянд, иҷрои кору амали неки Рамазонӣ аз муйсафедону аждодони гузашта барои онҳо ибрат мондааст.