Дар Тоҷикистон назорат аз болои додани варақаҳои беморӣ пурзӯр мешавад

Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба пурзӯр намудани масъулияти табибон барои додани рухсатии беморӣ иловаи дахлдор ворид карда шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон назорат аз болои додани варақаҳои беморӣ барои корношоямии муваққатӣ пурзӯр мешавад.
Парлумони ҷумҳурӣ ислоҳи лоиҳаи қонуни ҷумҳуриро "Дар бораи дохил намудани иловаҳо ба Кодекси хуқуқвайронкунии маъмури"-ро маъқул донист.
Вохӯрӣ таҳти роҳбарии раиси палатаи поёнии парлумон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид.
Лоиҳаи қонунро муовини вазири тандурустӣ Шодихон Ҷамшед, вакилони Маҷлиси намояндагон Мансур Усмонзода ва Баҳриддин Зиёӣ муаррифӣ намуданд.
Русия вазири тандурустии Тоҷикистонро қадрдонӣ кард
Он аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ таҳия ва пешниҳод шуда, ба масъалаи таъйин ва пардохти маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ, кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ дахл дорад.
Дар ин соҳа масъулияти маъмурй зиёд карда мешавад. Барои аз ҷониби кормандони муассисаҳои табобатию профилактикӣ додани варақаҳои қалбакӣ дар бораи корношоямии муваққатӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.
Дар бораи миқдори он ҳоло хабар дода нашудааст.