Ҳукумати толибҳо аз содироти маводи ғизоӣ ба Тоҷикистон хабар доданд

Ҳукумати толибҳо ба Покистон, Ҳинд, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Аморат, Чин, Эрон, Ироқ, Туркия ва Қазоқистон дар ҳаҷми 925 млн. доллар маҳсулот содирот кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 мар – Sputnik. Вазорати санъат ва тиҷорати толибҳо арзиши содироти Афғонистон дар соли гузаштаро ду миллиард доллар эълон кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей”.
Сарпарасти вазорати санъат ва тиҷорати ҳукумати тлибҳо мавлави Қудратуллоҳи Ҷамол ахиран гуфт, барои нахустин бор содироти Афғонистон ба ҳудӯди 2 миллиард доллар расидааст.
Ин мақоми афғон тасреҳ кард, ки арзиши содироти Афғонистон дар соли гузашта дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли пешин 135 дарсад ва дар муқоиса бо соли ду соли пеш, 166 дарсад афзоиш доштааст.
Барномаи ҷаҳонии ғизо: Ба Афғонистон фавран кумак ирсол намоед
Оқои Қудраттулоҳ афзуд, ки дар як соли ахири ҳудуди 925 миллион доллар; зуғоли санг, пунба, анор, кишмиш, анҷӣр, ангур, бодинҷони румӣ, ҷалғузаи сиёҳ ва пиёз ба Покистон, Ҳинд, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Аморат, Чин, Эрон, Ироқ, Туркия ва Қазоқистон содир шудааст.
Дар ҳамин ҳоли Абдулносири Риштё, тоҷир ва огоҳи иқтисодӣ ба хабаргузории “Ово” гуфт, ки толибҳо дар заминаи содирот ба маротиби муваффақтар аз даврони ҷумҳурият амал кардааст.
Ба гуфтаи вай дар замони ҷумҳурӣ бештар ба далели фасод ва набуд амният, тоҷирон алоқае ба сармоягузорӣ дар кишвар надоштанд ва Афғонистон камтарин мизони содиротро дар байни кишварҳои ҳамсоя ба худ ихтисос дода буд.