ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Мудири иҷроии Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ Девид Бейсли ҳушдор дод, дар сурати адами ихтисоси буҷет 9 миллион нафар дар Афғонистон аз дарёфти кумакҳои хӯрокӣ маҳрум мешаванд, иттилоъ додааст хабаргузории “Садои афғон”,
Ба гуфтаи вай, миллионҳо тан дар Афғонистон бо фақру гуруснагӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.
Ёдовар ешавем, ки чанде пеш Барномаи ҷаҳонии ғизо дар гузориши ахири худ ҳушдор додааст, ки Афғонистон пас аз як соли вайронгарӣ дар хатари қаҳтӣ қарор дорад.
Барномаи ҷаҳонии ғизо ахиран дар як гузорише гуфтааст, ки пас аз тасаллути толибон иқтисоди Афғонистони заъиф шуда ва ба ҷаддитарин хатари қаҳтӣ тайи 20 соли ахир мардуми ин кишварро таҳдид мекунад.
Дар ҳамин ҳол муовини дабири кули СММ таъкид карда буд, ки беш аз 50 дарсад ҷамъияти Афғонистон беш аз 24 миллион нафар ба кумакҳои башарӣ ниёзманд ҳастанд тахминан се миллион кӯдак аз сӯйи тағзия ҳод ранҷ мебаранд.
Ҳамзамон ахиран намояндаи СММ дар Кобул гуфт, ки дар кишвари 40 миллион нафарии Афғонистон, 7 миллион кӯдак зери панҷ сол ва модаронашон мубтало ба сӯитағзия ҳастанд.
Вай гуфт, нисфи мардуми Афғонистон бидуни тавваҷуҳ ба фасл, гуруснагии шадидро дар тӯли сол таҳаммул мекунанд ва мавориди сӯитағзия дар Афғонистон ба болотарин сатҳ расидааст.
Тасаллути толибон дар соҳи августи 2021 дар канори таваққуфи кумакҳои хориҷӣ, таҳримҳои мақомоти ин гурӯҳ, тавоққуфи интиқолоти банкӣ ва мунҷамид шудани миллиардҳо доллари захоири арзии Афғонистон, миллионҳо афғонистониро ба фақр ва гуруснагӣ кашонад.