ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Қарор дар бораи иштироки тими Русия дар мусобиқаи CAFA моҳи апрел қабул мешавад, гуфт Александр Дюков, президенти Иттиҳоди футболи Русия.
"Бо иштироки ФИФА ва УЕФА барои Осиё як гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, аллакай чандин ҷаласаҳо баргузор шуданд. Онҳо бо КБО машваратҳои якҷониба доранд. Мо бо УЕФА созиш дорем, ки дар бораи ягон натиҷаи мобайнӣ изҳори назар намекунем", - гуфт Дюков.
Қаблан Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки дастаҳои мунтахаби Федератсияи Русия ва ҷумҳурӣ дар нахустин чемпионати CAFA ширкат карда, эҳтимолан рақиб шаванд.
Ҳоло раиси ИФР афзуд, ки ҳама хулосаҳо пас аз тавофуқи ниҳоӣ аз рӯи як қатор масъалаҳо ва баъд аз ташаккули харитаи роҳ бароварда мешаванд.
"Имконияти гузаштан ба Конфедератсияи футболи Осиё вуҷуд дорад. Дар мавриди ширкат дар мусобиқаи CAFA, тасмими ниҳоӣ ҳанӯз гирифта нашудааст", - тасдиқ кард президенти Иттиҳоди футболи Русия.