Теъдоди қурбониёни заминҷунбӣ дар Афғонистону Покистон афзоиш ёфт

Бар асари заминларзаи шадиди 6,5 дараҷаӣ маълумот дар бораи кушташудагон ва захмиён дар Афғонистону Покистон Осиё пайдо шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Дар Покистон ва Афғонистон шумораи қурбониёну зарардидагон аз заминҷунбии шаби 22 мартро муайян мекунанд.
Ба навиштаи The News бо истинод ба Дафтари идоракунии офатҳои табиӣ, дар натиҷаи ларзиши шадиди замин Покистон 9 нафар кушта шуда, илова бар ин, 44 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.
Ҳамчунин, дар Афғонистон бар асари ин офати табиӣ дасти кам 2 нафар кушта шуда, беш аз 20 тани дигар шадидан маҷрӯҳ шуданд.

"Дар 34 вилояти кишвар тақрибан 20 захмӣ ва ду кушта ба марказҳои тиббии мо интиқол дода шуданд", - навиштааст Шарофат Замон, сухангӯи вазорати тандурустии Афғонистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Ёдовар мешавем, шоми 21 март дар шимолу шарқи Афғонистон заминларзаи шадид ба қувваи 6,5 дараҷа рух дод. Заминҷунбт дар 50-километрии Ишкошими вилояти кӯҳистонии Бадахшон, ки дар марзи Бадахшони Тоҷикистон воқеъ аст эҳсос шудааст.
Тоҷикистонро заминларзаи сахт такон дод
Гузашта аз ин, шиддати ҷунбиши замин дар Ҳиндустон, Покистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус дар Тоҷикистон низ эҳсос шуд.
Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, шиддати заминҷунбӣ дар ҷумҳурӣ 5 баллро ташкил дод.