ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рябков гуфт, Иёлоти Муттаҳида, ният дорад парвози паҳподҳо болои Баҳри сиёҳро идома диҳад ва хостори иқдомҳои ҷавобии Русия аст.
Вай таъкид кард, ки паҳподҳои амрикоӣ, ки ҳафтаи гузашта суқут кард, дар минтақае парвоз мекард, ки Маскав ба далели амалиёти вижа дар Украина режими вижа ҷорӣ кардааст. Ин воқеият муҳимтар аз он аст, ки "пораҳои паҳподҳо дар умқи дарёст", таъкид кард дипломат.
“Амрикоиҳо қонунӣ будани ин гуна иқдомҳоро (ҷори кардани режими муваккатии истифода аз фазои ҳавоӣ) саркашӣ, кинавор, ошкоро, рад мекунанд. Мо онҳоро ҳушдор медиҳем, ки аз кушиши бозӣ кардан бар сабру тоқати мо даст кашанд”, - гуфт Рябков.
Муовини вазири хориҷа таъкид кард, ки дар ҳар сурат амнияти Русия бо тамоми василаҳои дар ихтиёри Маскав мавҷудбуда комилан таъмин хоҳад шуд.
"Ҳеҷ як паҳподи амрикоӣ - иктишоф, зарба, стратежӣ ва ҳар чӣ - наметавонад азми моро такон диҳад", - афзуд Рябков.
Ба гуфтаи вазорати дифои Русия, ҳодиса бо як паҳподи амрикоӣ субҳи 16 март дар минтақаи Қрим болои Баҳри сиёҳ рух додааст. Паҳпод бо транспондерҳои хомушшуда ба самти Русия парвоз карда, сарҳади минтақаи низоми муваққатии истифодаи фазои ҳавоии барои амалиёти махсус муқарраршударо вайрон кард. Пас аз кашфи паҳпод ҷангандаҳои Русия онро нобуд сохтанд.