Дар Тоҷикистон маротибаи аввал мусобиқаи байналмилалииқаиқронии слалом оғоз шуд.
"Тоҷикистон слалом опен"- мусобиқаи байналмилалӣ аст, ки мизбони он Тоҷикистон аст. Мусобиқа рӯзҳои 20-24 марти соли 2023 дар дарёи Варзоб, дар наздикии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Дарёи Варзоб аз нишебиҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор сарчашма мегирад ва албатта, барои баргузории мусобиқаи мазкур мутобиқ аст. Қаблан борҳо дар дарёи Варзоб мусобиқаҳои гуногуни қаиқронӣ дар сатҳи байналмилалӣ дар замони ИҶШС доир шуда буданд.
Роҳҳои мусобиқа, ки аз тарафи ташкилотчиёни мусобиқаи "Тоҷикистон слалом Опен" гузошта мешаванд, дараҷаи баланди варзишӣ доранд, ки барои шавқовар ва беҳтар гузаронида машғулиятҳо масъулин ҳама чораҳои заруриро андешидаанд.
Барои иштирок дар мусобиқа мардон ва занони соли таваллудашон 2008 ва калонтар аз он ширкат варзида метавонанд.