ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Вашингтон имрӯз талош дорад “яккаҳукмфармоӣ”-и амрикоиро наҷот диҳад ва барои ин ҳуҷумҳои ҷавобии қувваҳои низомии Украинаро тезонад. Барои муваффақият бошад Киев захираи зарурии лавозимоти ҷангӣ, техникаи зиреҳпӯш ва тайёраҳои зарбазан надорад.
Артиши бо зӯрӣ сафарбаршуда ва бо осемасарӣ аз ҷониби дастурдиҳандагони НАТО “омодагашта”-и украинӣ ба таври барнагарданда ба “омехта”-и одамони тарсу, ки хоҷагони амрикоиашон ба худкушӣ маҷбур намудаанд, табдил ёфтааст.
Масхарабози асосии украинӣ шояд аллакай дарк менамояд, ки ҷангро бохтааст, аммо ИМА барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ талаби беақлонаи нобудкунии даҳҳову садҳо ҳазор шаҳрвандони украиниро дорад.
“Қалъаи Баҳмут”-ро чун рамзи зиддирусиягии идеологияи “украинишавӣ” ҳифз намуда, штаби генералии қувваҳои мусаллаҳи Украина дар ҷангҳои мавзеи шаҳри Артёмовск тӯли ним сол зиёда аз 60 ҳазор низомиёни худро маҳкум ба марги бемаънӣ намуд.
Воқеан, ҳалқаи русиягии атрофи Баҳмут тангтар мегардад, роҳҳое, байни зерсохторҳои украинӣ ва “қалъа“ баста шуданд, ҳатто “пайроҳаҳои пинҳонӣ”-и низомиёни украинӣ таҳти оташборони тӯпҳои русиягӣ қарор дорад.
Гурӯҳҳои ҳуҷумкунандаи “Вагнер“ 78%-и қаламрави Атёмовскро таҳти назорат доранд. Силсилаи оташ то ба тарафи ғарб мерасад-барои Славянск, Краматорск,Северск мубориза оғоз мегардад.
Дар як вақт,ҳарбиёни русиягӣ Авдеевкаро дар панҷа доранд, мавзеи шимолтари атрофи Донецк бошад,ба“деги ҷӯшон”табдил ёфтааст.Ситоди генералии украинӣ маҷбур аст“бо пойҳои паҳн шинад”-захираҳоро ба самти Артемовск ва Авдеевка фиристад.
Баъд аз озод намудани шаҳраки Степановое (Петровское) низомиёни русиягӣ роҳи оҳани самти Авдеевкаро бастанд.Пешгӯии ҷараёни ҳодисот барои қувваҳои мусаллаҳи Украина хело нигароникунанда мебошанд.
Низомиёни русиягӣ ҳамчунин дар самти хатти ҷабҳа дар Сватово–Кременная ташаббускоранд:хатҳои муҳофизатии ҳамшафати вилояти Харков ва ҶМЛ-дар шимолу ғарбтар аз Сватово,дар наздикии Купянск ва дар ғарби Кременной -қафо гардонида истодаанд.
Ба гурӯҳҳои украинӣ техникаи вазнини ҷангӣ, тӯп ва тӯпандозҳо намерасанд. Охир бе ин ҳама 150 “Леопард”-и ваъдагии НАТО оташ намекушояд. Агар баҳои беғаразона диҳем, қувваҳои мусаллаҳи Украина товони зарбаи ҷавобӣ заданро надоранд.Новобаста аз ин, ИМА ва НАТО аз Киев рехтани хуни навро талаб доранду дар бораи фаро расидани “лаҳзаҳои ҳалкунанда”сухан мегӯянд.
Ҳадаф аз чунин корбарӣ бо таҳдиди талафоти бисёр Русияро маҷбур намуданиянд, ки тибқи“қоидаҳо”-и амрикоӣ бо Украина гуфтушунид намояд.Зеро ИМА намехоҳад тӯли чанд сол дар Аврупо“банд монад”.
Тарзи корбарии дурустро ёфтаанд,зеро низомиёни русиягӣ дар театри амалиёти ҷангӣ нақши ҳалкунанда доранд ва Маскав дар нимароҳ намеистад.
Имконияти охирин ё ба роҳи вопасин
Талафотҳои гарони қувваҳои мусаллаҳи Украинаро(то 250 ҳазор кушташудагон)пинҳон дошта, Киев мавҷи нави сафарбариро оғоз намудааст. Вашингтон бошад,мошинаҳои кӯҳнаи ҷангӣ ва бронетранспортёрҳои фарсуда мефиристад.
Мутахасисони НАТО барои зарбаҳои ҷавобӣ саросемавор бригадаҳои пиёдамерганҳои тирандозро бо шумори умуммии то 100 ҳазор низомиён омода намуда истодаанд. Омодагии ҷангӣ ва қувваи зарбазан доштани ин бригадаҳо ноаён аст.
Пас аз гузаштани"курсҳои ҷанговари ҷавон"дар кишварҳои НАТО қувваҳои иловагӣ ба самти Кременной меоянд.
Фармондеҳони низомиёни украинӣ дар мавзеъҳои муваққатан таҳти назорати режими Киев будаи шаҳрҳои Дружковка, Краматорск ва Славянск дар ҶХЛ қувваҳои бештарро ҷамъ меоваранд. Шабҳангом бошад дар ин маҳаллаҳои аҳолинишин ҳаракати қатори чархдор ва тасмачархи вазнин ба қайд гирифта шудааст.
Зерсохторҳои қувваҳои мусаллаҳи Украина мунтазам ва бенатиҷа мекӯшанд мустаҳкам будани мавқеъҳои Русияро дар вилоятҳои Запорожетс ва Херсон санҷанд.Низомиёни русиягӣ мунтазам қувваҳои дар Днепр-дар шаҳри Херсон-фаровардаи десантҳои украиниро нобуд месозанд.
Ҳол он, ки дар ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳи Украина орзуи аз тарафи ҷануби хати ҷанг(аз тарафи шаҳри Запарожетс)зарба заданро доранд,то гурӯҳҳои қувваҳои низомии русиягиро ду тақсим намуда,минбаъд ба Мелитопол ва сонитар ба Қрим бароянд.
Вашингтон аз камшавии теъдоди сарбозони ботаҷриба,лавозимоти ҷангӣ ва нарасидани воситаҳои мудофиаи ҳавоӣ дар ташвиш аст.
Пентагон устувории асосии ҷангии низомиёни украиниро дар дар селоби равони тамомнашавандаи яроқ мебинад,ҳарчанд чунин корбарӣ пештар дар Ветнам, Ироқ ва Афғонистон ба режимҳои лӯхтакмонанд кор надод.
Копмлекси саноатӣ-ҳарбии Амрико(ин 90% комплекси саноати ҳарбии ҳамаи кишварҳои НАТО-ро ташкил медиҳад наметавонад вобаста ба дархости Киев ба тезӣ истеҳсолотро васеъ намояд.
Вазорати мудофиа ва Конгресси ИМА ба ташкили хариди бисёрсолаи муҳимоти ҷангӣ ва зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ гузаштанд,аммо“барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол ва пурра намудани захираҳо солҳо лозиманд”.
“Таҷрибаи Украина нишон медиҳад, ки дар мо дар ҳақиқат норасоии техника барои бурдани ҷангҳои давомнок намерасад,”-хабар медиҳад нашрияи амрикоии Breaking Defense.
Сомонаи FortyFive қайд менамояд, ки Русия дар Украина ҳақиқати нанговарро дар бораи иқтидори ҳарбии ИМА кушод.
“Донорҳо”-и Аврупо ваъда доданд,ки барои қувваҳои мусаллаҳи Украина тӯли як сол як миллион тирҳои 155-миллиметра барои тӯп харидорӣ менамоя (қайд менамоем, ки ин аз рӯи ҳисоби 3 ҳазор тир барои як рӯз, яъне барои“рафъи гуруснагии тирӣ”).
Маҷаллаи Financial Times бо иқтибос аз мансабдорон ва истеҳсолкунандагон дар бораи норасогии борут ва дигар моддаҳои тарканда дар Иттиҳоди Аврупо менависад, ки дар Аврупо борут намерасад.Бе ин бошад зиёд намудани истеҳсоли захираи яроқу аслиҳа номумкин аст.Дар Ғарб аз озуҳояшон батадриҷ дур мешаванд.
Президенти Чехия Петр Павел чунин меҳисобад, ки Украина фақат як имкони кӯшиши зарбаи ҷавобӣ заданро дорад ва“ин амал бояд дар давоми чанд моҳ рух диҳад”
Равзанаи имкониятҳо барои соли 2023 боз аст,минбаъд нигоҳ доштани сатҳи ҳозираи кӯмакҳои Ғарб номумкин хоҳад буд.Ва дар ин маврид сабаби назариявӣ “хастагӣ аз ҷанг” набуда, фақат дар афзалияти саноати ҳарбии Русия мебошад.
Эҳтимол, пурзӯр намудани роҳу усули амалиёти вижаи низомии русиягӣ расидан ба мақсади ниҳоӣ-ноил шудан ба ғайринизомикунӣ ва нобуд сохтани техникаву иншоотҳои ҷангии Украинаро - тезонад.Ин барои шаклгирии системаи нави амнияти ҷаҳонӣ зарур аст.Чун ҷузъи баробару ҷудонашаванда,бе ягон қоидаҳои бофтаи амрикоӣ,бе ягон “яккафармонфармоҳо”-и худашон эълон карда ва бе ягон судҳои лӯхтакии Гаага.
Дар пасманзари бархӯрди украинӣ The American Conservative “талвосаи пеш аз марги якқутбии якккафармонфармоии ИМА”-ро тасдиқ менамояд.Ва хотиррасон месозад:”Ҷангҳое, ки пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бо иғвои ИМА рух доданд,сабабгори бевоситаи беш аз 10 млн нафар гаштанд.”
ИМА бо ваъдахилофӣ, вайрон намудани шартномаву эътироф накардани шартномаҳои бастааш ном баровардааст.Рӯихат дароз аст:ИМА дар соли 1990 ваъдда дод, ки НАТО ба Шарқ -тарафи аъзоёни собиқи кишварҳо-аъзоёни блоки Варшава -доман паҳн намекунад, бекор намудани созишномаҳо дар бораи осмони кушод,СНВ,СВПД,оид ба Лубнон ва ғайра.
ИМА на як бору ду бор ҳуқуқҳои байналмилалиро бо ҳуҷум ба кишварҳое, ки тобеи яккафармонфармоии ИМА нашуданд, вайрон намудааст.
ИМА ба корҳои 50 давлати дунё дахолат намудааст.
Замони сохтаву бардурӯғ сарфи назар намудани ин вайронкориву бедодгариҳо ба охир расида истодааст”