ДУШАНБЕ, 21 март — Sputnik. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар чорабиниҳои идона бахшида ба Наврӯз дар ноҳияи Ванҷ ширкат кард.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии раиси ВМКБ хабар медиҳад.
Дар ҷашнвора садҳо нафар ҷамъ омада буданд ва созмондиҳандагон ба Мирзонабот тоқӣ такдим карданд.
Раиси вилоятро бо нону намак пешвоз гирифта, ба ӯ асбобҳои деҳқонӣ намоиш доданд.
Таҷлили Наврӯз дар Ванҷ
© Хадамоти матбуотии раиси ВМКБ
Илова бар ин, ӯ таомҳои суннатии тоҷикиро рӯи дастархони пура аз нозу неъмат, арзёбӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Наврӯз тамоми ҳафта, то 26 март рӯзҳои истироҳатӣ хоҳад буд.
Дар ин рӯзҳо дар шаҳру навоҳии кишвар чорабинихои гуногун, консертҳогузаронда мешаванд.
Таҷлили Наврӯз дар Ванҷ
© Хадамоти матбуотии раиси ВМКБ
Қаблан Sputnik Тоҷикистон дар бораи чорабиниҳои аслии "Соли нави форсӣ", ки дар ВМКБ баргузор мешавад, навишта буд.