ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Масъулони Идораи фарҳанг дар Суғд гуфтанд, ки зимнан як гурӯҳи эҷодӣ аз Вазорати фарҳанг ба Хуҷанд омада якҷо бо ҳунармандону овозхонҳо тамрин мегузаронанд.
Бахтиёр Қосимов, сардори Раёсати фарҳанг дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод, ки Наврӯзи имсол чи гуна таҷлил хоҳад шуд.
“Беш аз 19 ҳазор иштирокчиён аз санъаткорон аз ҷумла овозхонҳову навозандагон ва раққосон барои таҷлили бошукӯҳи чорабиниҳои фарҳангии Наврӯз -2023 баромад мекунанд” - гуфт, сардори Идораи фарҳанг.
Бино ба таъкиди манбаъ дар чорабиниҳо фарҳанг ва ҳунари ҳама минтақаҳои Тоҷикистон дар жанрҳои гуногун аз ҷумла помирӣ, хатлонӣ ва суғдӣ рӯи саҳна инъикос хоҳад шуд.
Бино ба иттилоъи дарёфтии Sputnik Тоҷикистон ин чорабинии бошукӯҳ дар Муассисаи давлатии “Варзишгоҳи 20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки меҳмонони олимақоми кишвар доир хоҳад шуд.
Зимнан омодагиҳо ва тамрини фарҳангиён дар ин макон ҷараён дорад.
Рӯзҳои 21-22 март дар шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ба муносибати таҷлили иди байнулмилалии Наврӯз дар назар дошта шудааст.
Бар пояи иттилоъи ҳукумати вилояти Суғд, дар доираи баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз дар маркази шаҳру ноҳияҳо ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ ташкили сайру гашти оммавӣ, барномаҳои фарҳангии ҳунармандон, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, гузаронидани бозиҳои миллӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ дар назар дошта шудааст.
Гуфта мешавад, чорабиниҳои наврӯзӣ дар дигар шаҳру навоҳии Суғд соати 10:00 рӯзҳои 21-22 март дар назар дошта шудааст.
Таҷлили асосии наврӯзи ҷумҳуриявӣ соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд доир хоҳад шуд.